Мутахассисони соҳаи косметология ва дерматология маслиҳат медиҳанд, ки бояд тарзи нигоҳубини рӯй ва баданро ҳангоми ҳомилагӣ тағйир дод ва баъзе воситаҳои нигоҳубинро аз истифода хориҷ намуд. Аксари бонувон дар ин марҳила бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд: пайдоиши наракҳо (акне), хушкшавии пӯст ва зиёд шудани доғҳои пигментӣ. Барои он ки пӯст солим ва зебо бимонад, муҳим аст, ки қоидаҳои оддӣ ва бехатар риоя шаванд.
1. Малҳами ҳифзкунанда
Духтурон тавсия медиҳанд, ки занони ҳомила ва модарони ширдеҳ малҳами аз офтоб ҳифзкунандаеро, ки дорои моддаҳои зерин аст, аз истифода комилан хориҷ кунанд:
• изотретиноин;
• гидрохинон;
• гидрокислотаҳо (дар консентратсияи баланд).
Муҳимтарин қадами нигоҳубин - муҳофизат аз офтоб аст. Дар давраи ҳомилагӣ ҳамроҳак (плацента) ҳормонеро ҳосил мекунад, ки фаъолият ва истеҳсоли меланин зиёд мегардад. Ин раванд метавонад боиси зиёд шудани доғҳои пигментӣ гардад. Аз ин рӯ, малҳами аз офтоб ҳифзкунанда бояд ҳар рӯз истифода шавад, ҳатто дар рӯзҳои абрнок.
2. Намноккунӣ - қадами асосӣ
Барои нигоҳ доштани пӯсти солим ва пешгирии хушкшавӣ, гидрататсияи дуруст хеле муҳим аст.
• Пеш аз ороиш (макияж) ҳатман аз малҳами намноккунанда ва зардоба (сыворотка) истифода баред.
• Агар пас аз истифодаи маҳсулот нишонаҳои аллергия ё асабонишавӣ пайдо шавад, фавран онро қатъ кунед.
3. Косметикаи безарар
Аз косметикаи дорои гормонҳо ва моддаҳои кимиёвӣ худдорӣ намоед. Ҳангоми ҳомиладори маҳсулоти дорои моддаҳои мазкур тавсия дода намешавад:
• гормонҳо;
• ретиноидҳо;
• кислотаҳои шадид;
• моддаҳои сафедкунанда;
• равғанҳои эфирӣ ва бӯйҳои тез.
Истифодаи косметика бо таъсири "гармкунанда" ё "сардкунанда" низ тавсия намешавад, зеро он гардиши хунро зиёд ё кам мекунад ва метавонад ба ҳолати пӯст таъсири манфӣ расонад.
Инчунин аз маҳсулоти зиёд устувор - мисли тоналкаҳои зич, туши обногузар ва рангҳои пигментӣ худдорӣ намоед. Онҳо метавонанд сӯрохиҳои пӯстро баста, боиси пайдоиши нарак гарданд.
4. Намнок кунед
Пӯсти инсон дорои қабати муҳофизатӣ буда, аз обу равған (гидро + липид) ташкил ёфтааст ва вазифааш муҳофизати пӯст аз осебу хушкшавӣ мебошад. Барои нигоҳубини он:
• равғани баданро бо малҳам якҷо истифода баред;
• танҳо равған кофӣ нест, зеро пӯст метавонад боз ҳам хушктар гардад.
Қабл аз макияж, малҳами намноккунандаеро интихоб кунед, ки ҳам пӯстро ором ва ҳам тароват бахашд.
Ҳангоми ҳомиладорӣ истифодаи косметика мумкин аст, аммо бояд ба таркиб ва таъсири маҳсулот бодиққат муносибат кард. Муҳофизати пӯст аз офтоб ва намноккунии мунтазам - ду қоидаи асосӣ барои зебо ва солим нигоҳ доштани пӯст дар ин давраи ҳассос мебошанд.