Arzon march 2024
КОШ, ПАДАРУ МОДАРАМРО ГӮШ МЕКАРДАМ!
6628


Пайи ҳавову ҳавас рафта ба ҷавоне ошиқ шудам. Ансор аз Ҷиликӯл асту ман аз Ҳисор. Дар донишгоҳ як сол риштаи дӯстӣ доштему Ансор ба хонаи мо хостгоронашро фиристод.

Волидонам розӣ набуданд, чунки ман духтари нозпарвардашон будаму намехостанд дар ҷойи дур шавҳар кунам. Ду маротиба хостгорони Ансорро рад намуданд. Ансор каме ранҷид, вале ман ӯро маҷбур кардам, ки як бори дигар хостгоронашро фиристад. Падарам ин дафъа ҳам норозӣ буд, вале ман ба хотири ишқ назди меҳмонҳо даромада гуфтам, ки розиям бо Ансор хонадор шавам. Падарам ночор моро фотиҳа карда дар як моҳ гузаронданд.

Аз аввали зиндагӣ Ансор бо ман беҳудаву баҳуда ҷанҷол мекард. Қайсингилҳоям рӯзамро сиёҳ мекарданд. Бо сари хам пайи корҳоям шуда чизе намегуфтам. Аз хомӯшии ман истифода бурда таънакуниро сар мекарданд: «Ду моҳ гузашту як бор падару бародаронат пояшонро ба хона нагузоштанд, аз ту безор будаанд, ки ба мо доданд»,- гӯён қариб ҳар рӯз оби чашмамро мерезонданд.
Ансор ба хона маст шуда меояду маро шиканҷаву азоб медиҳад. Пушаймонам, ки чаро сухани падару модарамро гӯш накарда ба ин ҷаҳаннам келин шудам. Бо кадом рӯ ба хонаи волидонам баргардам?
Дар ҳавлии бегона шибит мекорум.
Бемор шудум аз алами бисёрум.
Кудӯсти азизе, ки ба очам бибарад,
Овозаи зиндагонии душворум.
Эй чархи фалак ҳамеша тобам додӣ,
Аз аввали зиндагӣ азобам додӣ.
Миҷгонаи гирён

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД