arzon replenishment
Корвони журналистон аз факултаи журналистикаи ДМТ дидан кард
666


Субҳи имрӯз корвони журналистон ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омаданд.

Журналистонро бо садои карнаю сурнай ва нону асал Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва устодону донишҷӯёни факултети журналистика пешвоз гирифтанд.

Ҳайъати корвони журналистон аз "Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода" дидан намуда, бо ректори донишгоҳи миллӣ сӯҳбат намуданд.
Журналистон ҳамчунин бо барандаи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фуруғи субҳи доноӣ" Шукрона Таҳирӣ ҳамсӯҳбат шуданд.

Аҳли гурӯҳ бо ҳамроҳии ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода аз дастовардҳои факултети журналистика ва синфхонаи профессор Асадулло Саъдуллоев, ки дар он асарҳои илмию публитсистии ин чеҳраи намоёни журналистикаи тоҷик ҷамъоварӣ гашта, ҳамчунин зиёда аз 1000 нусха китобҳои илмӣ дар бораи журналистика дар он ҷой дода шудаанд, боздид намуданд.

Зиннатуллоҳ Исмоилзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд кард, ки иштирокчиёни корвон 12 нафар хатмкардагони ин боргоҳи дониш буда, хеле шоданд, ки дар факултет барои донишҷӯён тамоми шароитҳои лозима муҳайё карда шудаанд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода бори дигар журналистонро ба хонаи худашон хушомадед гуфта, зикр карданд, ки имрӯз таваҷҷӯҳи эшон ба ин факултет хеле зиёд аст.
Пас аз ин, корвони журналистон аз студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика дидан намуданд.

Декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Бахтиёри Қутбиддин зимни суханронии худ қайд намуданд, ки имрӯз тамоми шароитҳо барои донишҷӯёни факултет муҳайё мебошанд. Бо дастгирии раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон студияи таълимии телевизион кушода шуда, бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аллакай зиёда аз сад ролик сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар студия 6 камера ва компютерҳо барои танзими барномаҳо мавҷуд буда, аз ҷониби донишҷӯён мавриди омӯзиш ва истифода қарор дорад. Бо шарофати ин студия аллакай беш аз 50 нафар донишҷӯёни факулта маҳорати касбии худро сайқал дода, имрӯзҳо дар идораи рӯзномаю маҷалла ва сомонаҳои давлатию ғайридавлатӣ кору фаъолият менамоянд.

Ректори донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода ҳангоми аз студияи мазкур дидан намудан, қисса карданд, ки аз рӯзҳои аввали ба вазифаи ректори донишгоҳ таъин гаштанашон бо дастури Пешвои муаззами миллат ба факултети журналистика таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 стипендияи махсус барои донишҷӯёни ин факулта ҷудо карда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ин кумита тадқиқоти сотсиалогӣ гузаронида шуда, маълум гашт, ки 95 нафар хатмкардагони факултети журналистика имрӯз дар расонаҳои хабарӣ фаъолият менамоянд.

Дар охири боздид иштирокчиёни корвон бо Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикстон ва устодони факулта дар студияи таълимӣ акси хотиравӣ гирифтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД