Рӯзи 21-уми март, соати 04:00 дар «Боғи Ғалаба»-и Душанбе гулхани наврӯзӣ афрӯхта шуда, маросими суманакпазӣ баргузор мегардад. Соати 06:00 Корвони наврӯзӣ бо иштироки Бобои Деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид мегардад.
Бино ба иттилои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шоми 21-уми март дар Майдони Истиқлол бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз “Карнавали наврӯзӣ” бо шукуҳу шаҳомати хосса ва мушакпаронӣ доир мегардад.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор хоҳанд шуд. Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави шаҳр - ноҳияҳо, маҳаллаҳо ва шаҳракҳо бо ифтихори ватандӯстӣ, шукуфоии кишвар ва арҷгузорӣ ба мероси пурғановати ниёгон таҷлил мегардад.