Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кӯмаки башардӯстона фиристода шуд.
Кӯмаки мазкур аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад
Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7 октябри соли равон дар вилояти Ҳирот пайи ҳам се зилзилаи шадид рух дод. Бино ба иттилои Хадамоти геологии ИМА, заминларзаи 6,3 дараҷаӣ дар 40-километрии шимолу ғарби шаҳри Ҳирот тақрибан соати 11 ба вақти маҳаллӣ рух дод.
Дар пайи ин заминларза се зилзилаҳои шадид - бо қувваи 6,3, 5,9 ва 5,5-баллӣ ва инчунин ларзишҳои заифтар ба амал омаданд. Дар вилоятҳои ҳамсояи Бодғис ва Фароҳ низ такони ин заминларзаи шадид эҳсос шудааст.
Ҷунбиши такрории замин дар ин вилоят қариб ҳамарӯза чанд маротиба мушоҳида мешавад.