Вақте писарам ба Русия коркунӣ меравам гуфт, дилам худ аз худ сиёҳӣ овардан гирифт. Ҳарчанд ӯро аз роҳаш гардониданӣ шудам, фоида надошт.
Гарданшахии писаамро дида, дигар монеъ нашудам. Пас аз рафтани писарам ҳар шаб хобҳои даҳшатнок дида, фиғонкашон бедор мешудам. Хавотир шуда, дарҳол ба писарам занг мезадам, хандида мегуфт: «Очаҷон, ғами маро нахӯред, ҳолам хуб аст! Саломатиятонро эҳтиёт кунед, эҳтиёт! Пул мефиристам, рафта, куртаи пеши бозорро харида пӯшед ва дар байни ҳамсояҳо бо бачаи пулёбатон фахр карда гардед!”
Дар охирин сӯҳбаташ писарам гуфт, ки сулфа пайдо кардааст. Таъкид кардам, ки саломатияшро эҳтиёт кунад. Алиҷон ҳамон рӯз ба назарам хеле гарангу афсурдахотир ҳарф мезад. “Худоҷон нигаҳбонат бошад”, гуфтаму бо писаракам худоҳофизӣ намудам. Пулро гирифта, ба бозор рафтам. Нав аз дари бозор даромада будам, ки садои занги телефон баланд шуд. Рақамҳои писарамро дида, хурсанд шудам, вале гӯширо бардошта, садои мардеро шунидам, ки мепурсид:
-Алиджон ваш сын?
Пешомади ногувореро эҳсос намуда, нафас дар гулӯям печид, базӯр худро ба даст гирифта, ҷавоб додам: “Да, мой сын. Что случилось?»
-“Я доктор вашего сына, примите мои соболезнования, ваш сын умер от коронавируса. Мы сообщили об этом вашему посольству, его тело сегодня отправьят к вам на Родину”.
Дигар ба гӯшам чизе намедаромад. Телефон аз дастам афтиду ба замин афтидам. Роҳгузарон маро ба ҳуш оварда, чӣ ҳодиса рух доданашро пурсон шуданд. Забонам дар комам часпида буд, гап зада наметавонистам. Пас аз об нӯшидан каме ба худ омада, “Илоҳо хонаат сӯзад, коронавирус, ту чӣ балои азиме будӣ, ки пайдо шудӣ» гӯён, нола кардам. Пулҳои фиристодаи писарам дар кафи даст рӯю мӯямро мекандаму Алиҷон гуфта, нола мекардам. Намедонам кӣ ва чӣ тавр маро ба хонаам овардааст. Шаб, тақрибан соатҳои ду ҷасади писарамро оварданд. Тамоми деҳа дар ҷанозаи Алиҷони номуродам мотам гирифт.
Хонандагони азиз! Ҳама дард фаромӯш мешавад, аммо дарду доғи марги фарзанд умре аз дил намерафтааст. Дирӯз маъракаи чили писарамро гузаронидем, вале ҳеҷ дардам сабук намешавад. Дилам косаи зардоб гаштааст аз ғами писари ҷавонмаргам, намедонам кулбори аламҳоямро назди кӣ ва чӣ хел холӣ кунам. Ғаму дарди зиёд маро маҷбур кард, ки қаламу коғаз гирифта, нома нависам. Модарону хоҳарони азиз! Аз гуруснагию нодорӣ муред ҳам, бачаҳоятонро аз худ дур шудан нагузоред, баногоҳ мисли ман ба ғами ҷонсӯзи фарзанд гирифтор нашавед!
Мавлуда Одилова, ш. Душанбе