Soranus
Коронавирус айши ситораҳои туркро талх месозад
17.01.2022
ОИЛА
1698
no-img

Хуруҷи нави коронавирус имрӯз тамоми оламиёнро сахт ба ташвиш овардааст. Натанҳо одамони оддӣ, балки шахсиятҳои шинохта низ ба осонӣ мубталои ин бемории ҳамагир гашта, дар мубориза бо ин вируси қаттол душворӣ мекашанд.

Ин беморӣ айши ҳунармандони машҳури туркро низ дар соли нав талх гардонида, якбора чанд тан аз ситораҳои дурахшони синамо мубталои вируси куруно гаштанд.

Бо вирус бозӣ накунед!

Ду ситораи тобони синамои турк Ханда Эрчел ва Карим Бюрсин ният доштанд, ки соли нави 2022-ро якҷоя пешвоз мегиранд ва нақшаҳои олиҷаноб кашида буданд, аммо тавре ки мегӯянд, он чи дилат хост, на он мешавад, ҳарчи Худо хост, ҳамон мешавад. Ханда аз коронавирус сироят ёфту табибон ӯро ба карантин шинонданд. Карим ба манъ карданҳои табибон нигоҳ накарда, ба аёдати Ханда меомад ва ҳамин тавр худаш низ аз ин вирус сироят ёфта, ба бистари беморӣ афтод.

Алпенер Дуймаз дар шаби ид аз ҳуш рафт
Ситораи дигари синамои турк Алпенер Дуймаз шаби соли нав якбора аз ҳуш рафта, гурсосзанон ба замин афтоду дӯстону пайвандонашро талхакаф кард. Онҳо фавран ба “Амбуланс” занг заданд ва табибони ёрии таъҷилӣ ин ҳунарманди машҳурро дарҳол ба замбар бор карда, ба бемористон бурданд. Ташхис нишон дод ки Алпенер Дуймаз низ ба коронавирус гирифтр шудааст. Хушбахтона, дигар аъзоёни гурӯҳи эҷодии сериали “Агар мард дӯст дорад” аз вирус сироят наёфтаанд.

Йигит ва Саид асири чор деворанд

Йигит Кочак-ҷавонмарди зебо ва хушқаворае, ки ҳазорон-ҳазор бонувон ошиқи шайдояш ҳастанд, имрӯҳо худро танҳои танҳо эҳсос мекунад. Йигит низ низ мисли дигар ҳампешагонаш гирифтори коронавирус гаштааст ва маҷбур аст, ки карантинро риоя карда, дар асорати чаҳор девор зиндагӣ кунад. Ситораи дигари турк Онур Саид Яран низ мариз буда, ин шабу рӯзҳо айнан ҳоли Йигитро дорад.

Наворбардории филмҳо манъ шуд

Бо сабаби авҷ гирифтани коронавирус дар соли нав банаворгирии чанд сериали хеле машҳури туркӣ, ки мухлисони бешумор доранд, манъ шудааст. Аз коронавирус сироят ёфтани Мине Тебер боис гашт,ки наворбардории сериали”Беззаконные края” ба таъхир афтад. Актрисса айни замон дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ таҳти назорат ва табобати табибон қарор доранд. Офарандагони филм умед доранд, ки Мине Тебер ба зудӣ аз ин беморӣ шифо меёбад ва пахши қисми нави филмро рӯзи 19-январ ба нақша гирифтаанд. Мабдо то он Коронавирус айши ситораҳоивақт Мине шифо наёбад, коргардон маҷбур мешавад, ки барои иҷрои нақш ҳунарманди дигарро даъват намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД