arzon replenishment
КОРОНАВИРУС: 5 518 ФАВТИДА ВА 213 279 СИРОЯТШУДА ДАР ЯК РӮЗ
3903

Бино бар иттилои хабаргузории расмии Тоҷикистон - «Ховар» бо истинод ба омори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ба ҳолати соати 10:00 рӯзи 9 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар ҷаҳон беш аз 12 миллион нафар шуда, зиёда аз 552 ҳазор гирифторони он вафот кардаанд ва беш аз 7 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд.

Тибқи маълумоти охир, давоми шабонарӯзи гузашта 213 279 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 5 518 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID - 19 дар ҷаҳон 12 170 572 нафар ва теъдоди фавтидагон 552 112 кас мебошад.

Хашбахтона то имрӯз дар ҷаҳон 7 069 288 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (3 158 932 нафар), Бразилия (1 716 196), Ҳиндустон (769 052), Россия (700 792), Перу (312 911), Чили (303 083), Испания (299 593), Британияи Кабир (286 979), Мексика (275 003) ва Эрон (248 379) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID - 19 - ро пандемия эълон карда буд. Ин ниҳоди байналмилалӣ имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД