Корҳои сохтмонӣ дар соҳили Сирдарё идома доранд
21.10.2025
Oila.tj
113

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат меёбад. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раванди азнавсозии роҳрав ва истироҳатгоҳи соҳили рости дарёи Сир шинос гардидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои азнавсозӣ дар ин мавзеъ босуръат идома дошта, соҳили дарё ба як минтақаи истироҳатию фароғатии замонавӣ табдил дода мешавад. Дар доираи лоиҳа аз пули хиёбони Исмоили Сомонӣ то пули «Ҷашнӣ» роҳрави нав бо дарозии 2 километр ва паҳноии 8 метр бунёд гардидааст. Дар ин мавзеъ таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳои замонавӣ ва равшанидиҳии шабона насб шуда, ҳамарӯза садҳо нафар махсусан шабонгоҳ аз имкониятҳои ин макон баҳра мебаранд.

Айни ҳол корҳои сохтмониву ободонӣ аз пули асосии шаҳр то Боғи Ғалаба идома дорад. Раиси вилоят ба масъулин супориш додааст, ки корҳо бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонида шаванд.

Раҷаб Аҳмадзода таъкид намудааст, ки соҳили дарёи Сир аз маконҳои дӯстдоштаи сокинон ба ҳисоб рафта, бояд ба як минтақаи истироҳатию фароғатии замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи рӯз табдил дода шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД