Commerc banl
Кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ аз курси такмили ихтисос гузаштанд
19.03.2026
Oila.tj
23

Кафедраи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолияти худро асосан барои ташкил ва баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос ба роҳбарони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, курси такмили ихтисоси навбатӣ аз 16-уми феврал то 19-уми марти соли 2026 дар заминаи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ташкил карда шудааст, ки дар он муовини сардори раёсат, сардорони шуъбаҳои хадамоти шаҳри Душанбе, мудирони бахшҳои ноҳиявии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияи Рӯдакӣ ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ҷалб карда шуда, донишу малакаи касбии худро такмил додаанд.

Пас аз ҷамъбасти курси такмили ихтисос аз ҷониби роҳбарияти донишкада ба шунавандагон шаҳодатномаҳо супорида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД