Кормандони ширкати IRS ронанда ва мусофирони мошини сабукравро, ки дар километри 78-уми роҳи Душанбе - Чаноқ зери тарма мондаааст, наҷот додаанд.
Гуфта мешавад, ки тармаи мазкур чанд лаҳза пеш фаромада, зиёда аз 60 метр паҳноӣ ва қариб 8 метр баландӣ дорад.
Ҳоло бартарафсозии тармаҳо идома дошта, бо ин мақсад ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шудааст.