arzon replenishment
Кормандони “Форел” сагро наҷот доданду...
616

 

10 апрели соли равон кормандони тарабхонаи “Форел”, воқеъ дар соҳили дарёи Душанбенка, аккоси паст ва доду фиғонеро шуниданд, вале дарҳол фаҳмида натавонистанд, ки ин садоҳо аз куҷо меоянд. Маълум шуд, ки саги бесарпаноҳ дар дарё ғарқ шуда, худаш ба соҳил баромада наметавонад.

Ба гуфтаи шоҳидон, саг бо ҷараёни шадиди об мубориза мебарад. Се коргаре, ки он рӯз дар тарабхона кор мекарданд, бе ягон дудилагӣ ба наҷоти саг шитофтанд. Бачаҳои ҷавон дар лаби дарё дар болои плитаҳои бетонӣ истода, дар чуқурии хурде саф кашида, ба ҳамдигар кӯмак мекарданд, ки саги бечораро аз об берун кашанд.

"Яке аз онҳо ба оби хунук парид. Саг хеле калон буд, аз ин рӯ берун кашидан ва бардоштан он қадар осон набуд, аммо ба шарофати амалҳои дақиқ ҷавонон тавонистанд сагро наҷот диҳанд",-навиштааст КҲФ.

Дар ин замина, имрӯз, 19-уми апрел роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо мақсади ташвиқи ҷавонон ба кӯмакрасонӣ Сипосномаҳо имзо кард ва мукофотҳоро ба кормандони тарабхона сардори шуъбаи Кумита оид ба шаҳри Душанбе полковник Шамсизода С. бо тантана супорид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД