Arzon march 2024
КОРМАНДОНИ ҲАФТАНОМАИ "ПАЙК" КОРОНАВИРУС ШУДААНД?
1414

Ҳама кормандони ҳафтавори «Пайк» коронавирус шудаанд ё не, кас намедонад. Гап сари он, ки ҳама кормандони аз 21 то 24 сола аз ташхиси рентгенӣ гузаштаанду мутахассиси бемориҳои сироятӣ гуфтааст, ҳама гирифтори коронавирусанд.

Ҳама беморанд, аммо бе оризаҳо-рехтани оби бинӣ, таби баланд, сулфаю атса. Бинобар ин аз беморшудаҳо касе бовар намекунад, ки коронавирус аст. Ин тоифа, яъне журналист тарсу ҳарос надорад, аммо эҳтиёт шарт аст..." Ин паёмро сомонаи интернетии ҳафтаномаи "Пайк" (www.payk.tj)имрӯз нашр кард. Сомона нагуфтааст, ки кормандон воқеан сироят шудаанд ё не. Далели аниқ муайян карда натавонистани бемории бачаҳо набудани тест арзёбӣ мешавад. Чанде пеш мухбири сомонаи "Oila.tj" Мирсаид Сатториён низ доир ба набудани тест дар ин шаҳр шикоят карда, "барои аз ташхиси тестӣ гузаштан, моро ба Душанбе фиристода истодаанд" гуфта буд. Вале ба ин матлаби Сатториён то ҳол ҳеҷ вокунише садо надодааст. Мирсаид Сатториён охири моҳи апрел боиттиҳоми гирифторӣ ба пневмония бистарӣ шуда буд ва баъди рухсат аз беморхона мехост аниқкунад, сироят шудааст ё не, зеро ба ин ташхиси табибон шубҳа дорад Шикояти "Пайк" дар ҳолест, ки ду рӯз пеш аз ҷониби Пешвои миллат ба табибону беморони ин шаҳр кӯмак фиристода шуда буд. Аммо оиди ирсоли тест касе чизе нагуфтааст. Бояд гуфт, ки ҳафтаномаи ҷумҳуриявии "Пайк" наздики 6 сол боз дар фазои иттилоои кишвари мо фаъолият дорад. Муассис ва сардабири он журналисти шинохта Аҳмади Иброҳим буда, кормандонашро бештар рӯзноманигорони ҷавон ташкил мекунад. Идораи нашрия дар шаҳри Кӯлоб чойгир буда, он ягона нашрияи ҷумҳуриявиест, ки дар музофот фаъолият мекунад. "Пайк" аз фаъолтарин нашрияҳои давр аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД