Солҳои охир меҳру муҳаббат ва одаму одамгарӣ аз байн рафта, баъзан барои як порчаи замин бародар гиребони бародарро мегирад, вале як корманди милитсия нисфи замини назди ҳавлигиашро аз сари раҳму шафқат ба як оилаи камбағал додааст...
Сержанти калони милитсия Дадахон Ҳидоятов аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон нисфи замини ҳавлиашро ба як оилаи муҳтоҷ дода, бо ин амали ҷавонмардонааш мардумро ба ҳайрат овард.
Тавре дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд, Дадахон Ҳидоятов аслан тоҷик буда, дар ноҳияи Сухи Вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон зиндагӣ мекунад. Ин марди дарёдил 8 садяк аз 16 садяк , яъне нисфи замини назди ҳавлигиашро барои сохтани манзил ба як оилаи камбизоат , ки аз бехонагӣ дар шипанг (бошишгоҳи саҳроӣ) дар маҳаллаи Навободи ноҳияи Сух зиндагӣ мекардаанд, додааст.
Дадахон Ҳидоятов ба ин кори хайри кардааш ҳам қаноат накарда бо ҳамроҳи дӯстонаш, аз ҷумла подполковник Шодманов ва корманди қаории милитсия Гулхан Мулобобоев, масолеҳи зарурии сохтмониро харидорӣ намуда, якҷоя барои сохтани хонаи нав баҳри ин хонаводаи камбизоат камар бастаанд.
Аз кори хайри Дадахон Ҳидоятов ҳоким ва роҳбарони милитсияи ноҳияи Сӯх огоҳӣ ёфта, ба дидорбинӣ бо ин оилаи ниёзманд омаданд ва барои кӯдкони ин хонавода маҳсулоти ниёзи аввалу либоси гарм оварданд.
Ҳидоятов Дадахон Маҳмутализода 17 –уми феврали соли 1985 дар ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона таваллуд шуда, аз соли 2005 инҷониб дар мақомоти милитсия фаъолият менамояд ва рутбаи сержанти калонро дорад. Ҳидоятов оиладор буда, соҳиби се фарзанд мебошад.
Ин марджи саховатманд ошиқи фарҳарги тоҷикӣ буда, сурудҳои овозхони тоҷик Хуҷастаи Мирзовалӣ ва сарояндаи ӯзбек Насиба Абдуллоеваро дӯст медорад.