Бо имзо расонидани Ёдошти тафоҳум миёни ширкати Роҳи оҳани Корея ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар Душанбе метро сохта хоҳад шуд.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва ҷаноби Ким Ҳангёнг директори иҷроияи Роҳи оҳани миллии Корея, Ёддошти тафоҳумро ба имзо расонидаанд, омадааст дар хабари вазорат.
https://oila.tj/news/mikroavtobuso-bo-metro-ivaz-meshavand
Вазири нақлиёт қайд намуд, ки баимзорасонии тафоҳумномаи мазкур заминаи ҳуқуқӣ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ниҳодҳоямонро қавӣ намоем ва бо ин васила имконияти ҷалби ширкати Роҳи оҳани миллии Корея барои татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиётро, ки аҳамияти минтақавӣ доранд васеъ созем.
Қаблан ба ҷои машруткаҳо дар шаҳри Душанбе метро ворид шуданро хабар дода будем ва баҳсеро дар миёни корбарон ба бор овада буд.