Чанд нафар депутатҳо аз ҳизби “Справедливая Россия — За правду» зидди муҳоҷирати меҳнатӣ баромада, ба Думаи Давлатии Россия пешниҳод намудаанд, ки дар масъалаи қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор маҳдудиятҳои қонунӣ ҷорӣ карда шаванд.
Депутатҳои ҳизби “Справедливая Россия — За правду» лоиҳаи наверо ба Думаи Давлатии Россия пешниҳод намудаанд, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ минбаъд метавонанд танҳо 5%-и ҷойҳои умумии кориро дар ҳар як соҳаи иқтисодию саноатии кишвар банд намоянд.
Онҳо мехоҳанд ба қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйирот ворид карда шуда, дар масъалаи қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор маҳдудиятҳои қонунӣ ҷорӣ карда шавад.
Муаллифи лоиҳа Сергей Миронов ва ҳамақидаҳояш Олег Нилов, Андрей Кузнецов, Михаил Делягин, Николай Новичков, Яна Лантратова, Александр Аксененко бар он назаранд, ки дар баъзе соҳаҳои ҳаётан муҳим ва ҳасоси ҷамъиятӣ муҳоҷирони меҳнатиро аслан роҳ додан мумкин нест, зеро меҳнати ғайрикасбии шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷойи фоида расонидан ба иқтисодиёти кишвар ва солимию бехатарии аҳолӣ зарба зада метавонад.
Намояндагони ҳизби “Справедливая Россия — За правду» мегӯянд, фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар бахши тандурустию хизматрасониҳои тиббӣ, кор дар дорухонаҳо ва фурӯши доруворӣ, ҳамчунин дар соҳаи маориф, мусофиркашонӣ, боркашонӣ ва савдо дар қаламрави Федератсияи Россия бояд қатъиян манъ карда шавад.
Дар сурати аз ҷониби Думаи давлатии Россия қабул шудани ин лоиҳа шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд наметавонанд дар мактабҳои Россия ба ҳайси омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шаванд, чун табиб ё ҳамшираи шафқат дар муассисаҳои тиббӣ фаъолият намоянд, дар дорухонаҳо кор кунанд ё бо савдо ва мусофиркашонӣ дар таксӣ ва ё нақлиёти дигари ҷамъиятӣ машғул шаванд.
Ҳадаф аз пешниҳоди ин лоиҳа ба қавли депутатҳои ҳизби “Справедливая Россия — За правду» кам кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва холӣ кардани ҷойҳои корӣ барои худи шаҳрвандони Федератсияи Россия мебошад.
Онҳо мегӯянд соли 2022 шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия 2, 6 миллион нафарро ташкил мекард, вале теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ рӯз то рӯз зиёдтар шуда, дар соли 2023 шумораи муҳоҷирон ба 3,5 миллон нафар расидааст. Россия резинӣ нест, ки ин қадар одамро ҷо карда тавонад.
Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, рафтани муҳоҷирон аз Россия бештар бар зарари худи Россия хоҳад буд, зеро норасоии нерӯи корӣ дар ин кишвар бараъло ҳис карда мешавад.
Дар баъзе соҳаҳои душвор аз қабили сохтмон аллакай норасоии шадиди қувваи корӣ ба миён омада бошад ҳам, баъзе ба ном “равшанфикрон”-и рус оташи нафратро нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ торафт бештар аланга медиҳанд.
Онҳо торафт зиёдтар шудани даромади муҳоҷирони меҳнатиро далел оврада, мегӯянд: “Даромади миёнаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия 48000 рублро ташкил медиҳад, ки нисбат ба даромади миёнаи худи шаҳрвандони Россия, ки ҳамагӣ 32 422 рубл мебошад,зиёдтар аст“.
Бо пешниҳоди ин лоиҳа Сергей Миронов ва ҳамақидаҳояш мехоҳанд монеъи банд кардани ҷойҳои корӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ гарданд, вале оқибаташ чӣ мешавад, ҳанӯз маълум нест.