Кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе як сокини шаҳри Ваҳдатро барои ҷанҷол ва кордзанӣ дар кӯчаи Айнии пойтахт боздошт намудаанд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян гаштааст, ки Муродов Алиҷон, сокини 43-солаи шҳри Ваҳдат рӯзи 23-юми феврал дар заминаи нофаҳмиҳои лафзӣ бо Қурбонзода Ҷамолиддин, сокини 31-солаи шаҳри Душанбе ҷангу ҷанҷол намуда, якдигарро латукӯб кардаанд. Дар рафти моҷаро Алиҷон Муродов бо корд ба қафаси синаи Ҷамолиддин Қурбонзода зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.