Arzon march 2024
КОР КАРДАНИ ДУХТАР ГУНОҲ АСТ?
6154

Ман Сайҳуна, ҷавондухтари 18- солаи сокини ш. Душанбе. Дар оилаамон духтари ягонаам. Падарам бисёр бадрашк ва сахтгиранд, аз ҳамин сабаб танҳо то синфи 8 хондаму халос. Дигар маро мактаб рафтан нагузоштанд. Маҷбур шудам, ки хонашин шавам. Акнун духтари калон шудаам ва мехоҳам кор кунам, аммо падарам на худашон кор мекунанд ва на мегузорад, ки ман ба кор бароям. Бечора очаам фаррош аст, маоши ночизаш танҳо ба пули барқу об ва орду равған мерасаду халос.

Дар мактаби назди хонаамон як моҳ ҳамроҳи модарам фаррошӣ кардам, падари бадрашкам “кор кардани духтари мусалмон гуноҳи азим аст. Ту магар аз гуруснагӣ мурдӣ, ки дар байни сад марди бегона кор мекунӣ” гӯён, қиёматро қоим карда, маро аз кор баровард.

Дӯғу пӯписа ва рашки падарам ҷонамро ба лабам овардааст. Намедонам чӣ кор кунам. Духтарҳои ҳамсоя либосҳои ранг ба ранг мепӯшанд, ман бошам, як куртаи дуруст ҳам надорам Ин гапро аз ҳасад намегӯям, танҳо мехоҳам ҳалол меҳнат карда зиндагии худу аҳли оилаамонро беҳтар созам. Намехоҳам, ки мо аз дигарон кам ва ба як бурда нон зор бошем.

Хулоса, аз хонашинию бепулӣ безор шудаам. Мехоҳам кор карда бо пули ҳалол барои худам сару либос, зару зевар харам ва ба модарҷонам ҳам ёрӣ расонам.

Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Бе розигии падар ба кор бароям ё “кор кардани духтари мусалмон гуноҳ будааст” гуфта, ҳамин хел ба нони қоқ зор шуда шинам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД