goodwell
Конститутсия-эҳтиром ба қонун ва масъулият дар назди ҷомеъа
84

Рӯзи 6 ноябри соли 1994 халқи шарафманди Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи худро қабул намуда, барои давлатдории навини миллӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт.
Қабули Конститутсия дар шароите ба вуқуъ пайваст, ки Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози роҳи Истиқлолияти давлатӣ қарор дошт ва барои ташаккули низоми нави сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ ба санаде ниёз дошт, ки ҳам иродаи халқро ифода намояд ва ҳам муносибати давлату ҷомеаро дар асоси меъёрҳои мушаххаси ҳуқуқӣ ба танзим дарорад. Аз ин рӯ, Конститутсияи соли 1994 танҳо қонуни асосии давлати навбунёд набуда, он барномаи ҳуқуқии давлатсозии миллӣ ва заминаи ташаккули ниҳодҳои нави давлатӣ гардид.
Барои дарки аҳамияти ин рӯйдод бояд вазъи ҳамон давраро ба назар гирифт. Ҷомеаи Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ халалдор шуда, зарурати барқарор намудани қонуният ва эҷоди механизми устувори идоракунии давлат ба миён омада буд. Дар чунин шароит масъалаи қабули Конститутсия ба яке аз масъалаҳои калидии давлатсозӣ табдил ёфт. Дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули асосҳои давлатдории навини Тоҷикистон назаррас мебошад. Пас аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳкими қонуният ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии давлати соҳибистиқлол ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар идомаи ин раванд масъалаи таҳияи Конститутсияи нав ба миён гузошта шуда, бо роҳбарии Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд. Ҳангоми таҳияи лоиҳа таҷрибаи давлатҳои дигар ва санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ омӯхта шуда, онҳо бо хусусиятҳои таърихӣ ва арзишҳои миллии Тоҷикистон мутобиқ карда шуданд. Бо ин санад Тоҷикистон пояҳои ҳуқуқии давлатдории навинро муайян намуда, низоми ҳокимияти давлатӣ ва кафолатҳои асосии ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар сатҳи қонуни олӣ муқаррар кард.
Меъёри аввали Конститутсия симои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дақиқ муайян мекунад: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад. Ҳар яке аз ин мафҳумҳо мазмуни мушаххаси ҳуқуқӣ дорад ва дар маҷмуъ самти давлатсозии Тоҷикистонро муайян менамояд. Соҳибихтиёрӣ мустақилияти давлатро дар муайян намудани роҳи рушди худ ифода мекунад. Демократӣ будан иштироки халқро дар ташаккули ҳокимияти давлатӣ эътироф менамояд. Ҳуқуқбунёдӣ волоияти қонунро асоси фаъолияти давлат қарор медиҳад. Дунявият барои озодии виҷдон ва ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандон замина фароҳам меорад. Иҷтимоӣ будани давлат масъулияти онро дар назди инсон ва ҷомеа муайян мекунад. Ягонагии давлат бошад, ҳифзи тамомияти арзӣ ва ягонагии низоми сиёсиву ҳуқуқиро таъмин менамояд. Дар байни ҳамаи ин принсипҳо мақоми инсон мавқеи махсус дорад. Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, давлатро вазифадор мекунад, ки онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Ин меъёр муносибати давлатро ба шаҳрванд дар сатҳи қонуни асосӣ муайян мекунад ва маънои онро дорад, ки фаъолияти ҳокимияти давлатӣ бояд дар ниҳоят ба таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва шароити муносиб барои зиндагии инсон равона бошад.
Аммо ҳуқуқ бе масъулият маънои пурраи худро пайдо намекунад. Конститутсия шаҳрвандро дар баробари ҳуқуқҳояш ба иҷрои вазифаҳои муайян низ уҳдадор месозад. Риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, ҳифзи Ватан ва иҷрои дигар вазифаҳои конститутсионӣ ҷузъи мақоми шаҳрвандӣ мебошанд.
Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намуда, давлатро вазифадор мекунад, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам созад. Маънои ин меъёр танҳо дар таъмини кумаки иҷтимоӣ маҳдуд намешавад, он сиёсати давлатро ба масъалаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои рушди инсон пайваст менамояд.
[04.11.2026 11:31] Firuza Sattori: Таърихи Конститутсияи Тоҷикистонро бояд ҳамчун раванди пайвастаи ташаккули давлатдории навин арзёбӣ кард. Барои Тоҷикистон суботи сиёсӣ шарти зарурии татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ ва рушди институтҳои давлатӣ буд. Бе барқарор шудани сулҳ фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, рушди иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Аз ин рӯ, барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва ташаккули низоми конститутсионӣ ду ҷанбаи ба ҳам алоқаманди як раванди давлатсозӣ буданд.
Эҳтироми Конститутсия танҳо донистани санаи қабули он ё шиносоӣ бо матни моддаҳои қонун нест. Эҳтироми воқеии Конститутсия дар он зоҳир мешавад, ки шаҳрванд ҳуқуқи худро медонад, ҳуқуқи дигаронро эҳтиром мекунад, қонунро риоя менамояд ва дар назди ҷомеа масъулияти худро дарк мекунад.
6 ноябр барои мо танҳо рӯзи ёдоварӣ аз қабули як санади ҳуқуқӣ нест. Ин рӯз моро ба арзёбии роҳи тайшуда ва дарки масъулияти худ дар назди ояндаи давлат водор месозад. Конститутсия аз мо эҳтиром ба қонун, масъулият дар назди ҷомеа ва садоқат ба манфиатҳои давлатро талаб мекунад. Халқ роҳи давлатдории худро дар шакли қонуни асосӣ муайян кард. Имрӯз вазифаи мо он аст, ки ин роҳи интихобшударо бо фаъолияти созанда, эҳтироми қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ идома диҳем.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД