Имрӯз мардуми шарифи кишварамон яке аз пурарзиштарин идҳо - Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи барои миллати тоҷик бениҳоят ҳассос ва сарнавиштсоз таҳия ва қабул шуда, яке аз беҳтарин конститутсияҳои дунё ба шумор меравад.
Дар ин рӯзи муборак хаёли кас беихтиёр ба дуриҳои дур парвозӣ гашта, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гашта буд, ба ёд меояд. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихсоз масъалаи зарурати қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуда, гурӯҳи калони корӣ, ки аз олимон ва ҳуқуқшиносони варзида иборат буд, таъсис дода шуд. Вазифаи гурӯҳ таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 13-уми апрели соли 1993 лоиҳаи пурраи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гашта, бо қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки бахтномаи миллати тоҷик мебошад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Конститутсия ҳамчун қонуни олии кишвар азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд».
Ҳамаи шумо - ҳамдиёрони азизро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод гуфта, бароятон сарбаландӣ ва қалби саршор аз меҳри Ватан таманно дорем!