Салом! Фаррух ҳастам, сокини ноҳияи Шаҳринав. Чанд сол боз аз бемории захми меъда азият мекашам. Фасли баҳор наздик шуда истодааст ва маъмулан дар ин айём чунин бемориҳо аз нав авҷ мегиранд. Ростӣ, қариб ду ҳафта боз дарди меъдаам хурӯҷ кардаасту хеле азият мекашам. Ба назди духтур рафтам, табиб баъди ташхис таъкид кард, ки хӯрокҳои шӯр ва консерваро умуман ба даҳонам набарам ва аз нӯшидани обҳои газнок аз қабили Арси-кола, Фанта ва ғайра парҳез намоям. Медонам, ки хӯрокҳои бирёнӣ ба захми меъда зарар доранд, вале чаро аз консерваю обҳои газнок бояд парҳез кунам?
Фаррух, н. Шаҳринав.
Аз идора:
Маслиҳати мо ҳамин аст, ки ба гуфтаҳои табиб гӯш дода, ҳатман парҳези фармудаашро риоя намоед, то ҳолатон аз буда бадтар нашавад. Дар ҳақиқат натанҳо хӯрдани хӯрокҳои серравған, бирёнӣ ва дерҳазмшаванда, балки ғизоҳои шӯр ва обҳои газнок низ ба шахсоне, ки узвҳои ҳозимаашон ягон иллат доранд, бисёр зарарнок мебошанд. Ҳақиқати ин гуфтаҳоро табиби машҳури парҳезшинос Ҷози Портер исбот кардааст.
Диетологи машҳури Gut Health Clinic Джози Портер дар бораи ғизоҳое маълумот додааст, ки метавонанд инсонро ба бемориҳои гуногуни узвҳои ҳозима ва ҳатто ба саратони меъда гирифтор созанд. Портер мегӯяд, диққат надодан ба хурду хӯроки худ боиси гирифтор гаштан ба бемориҳои гуногуни узвҳои ҳозима гашта, баъзан касро то ба сарҳади марг мебарад. Дар ин бора табиби парҳезшинос Джози Портер дар “Медик-форум” маълумот додааст.
Ба андешаи ин олим ва табиби парҳезшинос махсусан ғизоҳое, ки дар таркибашон консервантҳои гуногун доранд, барои саломатии инсон хавфнок мебошанд. Портер обҳои газнок, сир ва май (вино)-ро мисол оварда мегӯяд, аз назари аввал ин чизҳо тамоман бе зарар менамоянд, вале инсон аз ин ғизоҳои маъмулӣ ҳар рӯз сӯйистифода кардан гирад, маводҳое, ки ба онҳо илова карда шудаанд, бо мурури вақт боиси гирифтор гаштан ба саратони меъда ва дигар бемориҳои хеле чиддии узвҳои ҳозима гашта метавонанд.
Ин табиби машҳур маслиҳат додааст, ки аз маҳсулоти консервашуда низ сӯйистифода накунем. Ба гуфти Портер бодирингу помидор ва дигар маҳсулоти дар намак хобонидашудаю шӯр, ҳамчунин донагиҳои консервашуда (зелений горошек, ҷуворимаккаи консервашуда ва ғ.) барои саломатии инсон зараровар буда, хатари гирифторшавиро ба саратони меъда меафзоянд. Табиб мегӯяд, ҳар рӯз хӯрдани 20 грам маҳсулоти консервашудаи шӯр хавфи мубтало гаштан ба бемории саратони меъдаро то 9% афзун мегардонад.
“Намак ва як қатор моддаҳои кимиёвие, ки ҳангоми консервакунонӣ ба ин қабил маҳсулот илова карда мешаванд, дар сурати аз ҳад зиёд истеъмол кардани чунин маҳсулот метавонад боиси ташаккулёбии ҳуҷайраҳои саратонӣ дар ҷисми инсон гардад, вале кам-кам ва мувофиқи меъёр истеъмол намуданашон хавфнок набуда, калсий ва прибиотикҳои дар таркибашон мавҷуд буда, ба саломатии инсон фоида дорад”-мегӯяд табиб.
Портер бештар нӯшидани кефирро тавсия дода мегӯяд, он кори узвҳои ҳозимаро ба низом медарорад.
Саломатии инсон асосан аз чаҳор чиз вобастагӣ дорад: ғизои солим, асаби орому табъи хуш, тозагии муҳити зист ва эҳтиёт намудан аз шамолкашию сармозанӣ. Солиму бардам мондан хоҳед, худро аз шамолкашӣ эмин дошта, ба тозагӣ риоя намоед, барои ҳар як майда-чӯйда асабонӣ нашавед ва ба хурду хӯроки худ диққати ҷиддӣ дода, бештар маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро истифода баред.
Ф. Сатторӣ