Дар меҳмонхонаи “Хилтон” бо ибтикори Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе, Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Эътилофи занони журналисти Тоҷикистон Конфронси 1-уми бонувони Осиёи Миёна таҳти унвони “Занон ва ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда” баргузор гашт.
Дар чорабинӣ намояндагони СММ, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафирони як қатор кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз қабили ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзида, дар боби озодии баён, нақши журналистон, аз ҷумла бонувони журналист дар инъикос ва ҳалли мушкилоти ҷомеа, хатарҳое, ки кормандони васоити ахбори оммаро ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбиашон домангир мешаванд, табодули назар намуданд.
Иштирокчиёни конфронс зимни баромадҳои худ таъкид карданд, ки озодии баён яке аз шартҳои асосӣ ва муҳими ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад, вале мутаассифона он на ҳамеша риоя карда мешавад.
“Журналистон ҳаёти худро дар хатар гузошта, ҳақиқати ҳолро ба самъи аҳли ҷомеа мерасонанд. Дар роҳи эҷодӣ хатарҳои зиёде онҳоро домангир мегардад. Ба хотири кӯшиши дарёфт ва нашри ҳақиқат кормандони васоити ахбори омма гоҳо зери таъқиб ва фишор қарор мегиранд ва ҳатто дар ин роҳ кушта мешаванд. Айни замон танҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз 20 нафар журналистон дар зиндон қарор доранд. Ҳукуматдорон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалиро зарур аст, ки барои пешгирии таъқиби журналистон ва бехатарии онҳо дар якҷоягӣ чораву тадбирҳои зарурӣ андешанд”,-гуфт сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер.
Сафир ҳамчунин нақши бонувони журналистро дар инъикоси масоили муҳими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа қайд карда, таъкид намуд, ки пешравӣ бидуни бонувон имкон надорад ва барои баланд бардоштани сатҳи дониши занону духтарон бояд шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шаванд.
Сафири Британияи Кабир дар навбати худ қайд кард, ки таъмини амнияти хабарнигорон барои рушди ҳар як кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон хеле муҳим мебошад.
“Ба хотири пешравии ҷомеа озодии матбуотро бояд эҳтиром ва таъмин намуд. Вақте журналистон дар дилхоҳ мавзуъ озодона мегӯянду менависанд ва камбудиҳоро нишон медиҳанд, ин ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва пешравии иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд”,- гуфт сафир.
Сафири Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Йорк Шуграф зимни баромадаш таъкид намуд, ки бо шарофати журналистон дар ҷаҳони муосир ҳатто заифтарин садоҳо низ шунида мешаванд, вале худи журналистон аксаран зери фишор ва таъқиб қарор гирифта, ба хотири анҷом додани рисолати касбии худ ҳатто кушта мешаванд.
“Дар баъзе кишварҳо натанҳо журналистон, балки аъзои оилаи онҳо низ зери фишор ва таъқиб қарор мегиранд. Барои бехатарии онҳо бояд паноҳгоҳҳои махсус ташкил карда шаванд”,- гуфт сафир.
Дар конфронс ҳамчунин оид ба мушкилоти дастрасии журналистон ба гирифтани далелу арқоми зарурӣ аз идораҳои давлатӣ ва зӯроварии гендерӣ сухан рафт.
Лайло Маҳмадёрова, блогери тоҷик, ки бештар мушкилоти одамони имкониятҳои маҳдуд доштаро баррасӣ мекунад, аз иштирокчиёни конфронс даъват ба амал овард, ки зимни навиштани маводҳо дар бораи одамони имкониятҳояшон маҳдуд қаҳрамонони худро ҳамчун маъюб ва бечора нишон надода, баръакс чун аъзои арзишманди ҷомеа тасвир намоянд ва комёбиҳои ин тоифаро нишон диҳанд. Лайло аз мушкилоти бекорӣ дар байни одамони имкониятҳояшон маҳдуд, махсусан занону кӯдакони маъюб, доғгузорӣ нисбати онҳо, дастрасии кӯдакони маъюб ба таҳсил, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мувофиқ барои илму ҳунаромӯзии ин тоифа гуфта, аз бонувони журналист хоҳиш кард, ки бештар ин мавзуҳоро пайгирӣ намоянд.
Дар Конфронси 1-уми бонувони журналисти Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Занон ва ВАО дар ҷаҳони тағйирёбанда” ҳамчунин чанд нафар журналистони муваффақ аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок доштанд.
Даря Пензова ва Даря Османова аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзуҳои “Рӯзномаи гендерӣ дар ВАО: чӣ гуна ВАО нафаҳмида занонро табъиз мекунад? ва “Чӣ тавр дар бораи баробарии гендерӣ ва зӯроварии гендерӣ тавассути бозиҳо суҳбат кардан мумкин аст?”, Гулим Алихонова ва Айжан Мадихоҷаева аз Қазоқистон дар мавзуҳои “Журналистикаи ҳалкунанда ҳамчун василаи тағйироти иҷтимоӣ” ва ”Мо ба саводнокии медиа чӣ тавр аз ҳад зиёд қадр кардем” баромад намуданд.
Дар рафти конфронс байни иштирокчиён дар боби саҳми бонувон дар инъикоси масоили доғи ҳаёти ҷомеа ва пешравии журналистикаи муосир дар минтақаи Осиёи Миёна баҳсу музокираҳо сурат гирифта, пешниҳодҳои ҷолиб садо доданд.