Ҳукумати шаҳри Душанбе аз сокинони пойтахт дархост кардааст, ки ба хотири беҳтар шудани симои шаҳр кондитсионерҳо ва панҷараҳои тирезаҳоро, ки дар қисмати намо (фасад)-и биноҳои истиқоматӣ насб шудаанд, бартараф созанд.
Дар ин бора расонаҳо хабар дода, аз ҷумла чунин навиштаанд: “Дар номаи Раёсати назорати сохтмони шаҳрдорӣ ба сокинони ноҳияи Фирдавсӣ аз 17-уми апрел омадааст, "Шуморо уҳдадор менамоем, ки кондитсионерҳо ва панҷараҳои дар намои бино насбшударо пурра бартараф намоед".
Зикр шудааст, ки барчидани панҷара ва кондитсионерҳо бо дастури Раиси шаҳри Душанбе амалӣ мешавад, вале маълум нест, ки дар акси ҳол нисбати сокинон чӣ чораҳо андешида мешаванд.
Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи феврали соли равон ишорат карда буд, ки бо мақсади беҳтар шудани симои пойтахт панҷараҳои оҳанин аз тирезаҳои биноҳои баландошёна бардошта мешаванд, вале ба аз байн бардоштани кондитсионерҳо он замон ишорат нашуда буд.