Комилҷон Зарипов, писари Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Қобилҷон Зарипов чанд рӯз қабл дар ютуб-канали хеш таронаи навашро бо номи “Ту биё “ пешкаши мухлисон гардонд.
Ин клиптаронаро аз имрӯз зиёда аз 20 000 нафар тамошо кардаанд. Матни суруд аз Ақназар Аловатов буда, оҳанги тарона моли Хушбахт Ниёзов мебошад.
Дар клип нақшҳоро худи Комилҷон ва Самарҷони Ёрмуҳамад бо як гурӯҳи рақсӣ офаридаанд.
Клип пурра дар муҳити тоҷикона ба навор гирифта шуда, ҳама деворҳо бо нақшу нигорӣ миллӣ оро дода шудаанд ва ҳунармандону гурӯҳи рақси низ либосҳои миллӣ доранд.
Комилҷон Зарипов зимни сӯҳбат бо сомонаи “Оила” қайд кард, ки клип дар деҳаи деҳаи Гулзари шаҳри Душанбе сабт гардидааст ва фикр мекунам барои мухлисонам як сюрпризи хуб шуд. Дар оянда кӯшиш мекунам, ки клипҳои хубу беҳтаринро пешниҳод намоям.