Марҳаматнисо Атобековаро дар шаҳри Хоруғ бисёриҳо чун соҳибкори фаъол хуб мешиносанд ва ҳурмату эҳтиром мекунанд. Ин зани кордон дар оғӯши кӯҳҳои осмонбӯси Бадахшон корхонаи қаннодӣ кушода, ҳудуди 30 нафар занони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст. Аз ҳама ҷолибаш он аст, ки қисми зиёди кормандони ин коргоҳро занону духтарони маъюбият дошта ташкил медиҳанд.
Марҳаматнисо асосан бонувони шунавоияшон сустро ба кор фаро гирифтааст, то манбаи даромаде дошта бошанд ва тавонанд зиндагии худро бе миннат пеш бурда, хешро ҳамқадами ҷомеа эҳсос намоянд.
“Барои зан оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ чандон осон нест, масалан ман вақте ки сехи қаннодӣ кушодам, имкониятҳоям хеле маҳдуд буданд. Маблағи кофӣ надоштам, касе ҳам набуд, ки маро роҳнамоӣ ва дастгирӣ кунад, ҳатто як ҷойи муайян надоштем. Таҷриба надоштам, вале чун азмам қавӣ буд, бо маслиҳати падарам таҳхонаи манзили истиқоматиамонро каме таъмир намуда, дар ҳамон ҷо корро сар кардам. Аввал ману бародарам ба пухтани шириниҳо машғул будем, баъдтар камтар имконият пайдо шуд ва мо ду нафар духтаракони шунавоияшон сустро ба кор қабул кардем. Душвориҳо хеле зиёд буданд, лекин рӯҳафтода нашуда, кори худро бо дасту дили гарм идома медодем. Ҳамин тавр бо мурури замон фаъолияти корхонаро оҳиста-оҳиста васеъ намудем. Танҳо азму иродаи қавӣ кӯмак кард, ки орзуҳоямонро амалӣ гардонем. Имрӯз шириниҳое, ки мо истеҳсол мекунем, натанҳо дар шаҳри Хоруғ, балки дар саросари вилоят муштариёни зиёде доранд”,- мегӯяд Марҳаматнисо.
Айни замон дар сехи қаннодии Марҳамтанисо Атобекова зиёда аз 20 намуд шириниҳои лазиз, 15 намуд тортҳои хушмазза ва навъҳои гуногуни кулчақанд омода карда мешаванд. Шириниҳои ин корхона, ки маҳсули дастони пурҳунари бонувони имкониятҳояшон маҳдуданд, дар тӯю маъракаҳо дастурхони мардуми шарифи Бадахшонро зебу зиннат медиҳад.
Марҳаматнисо модари 3 фарзанд аст ва мегӯяд, ки шавҳараш ӯро дар ҷодаи соҳибкорӣ дастгирӣ карда, дар дастрас намудани маҳсулоти зарурӣ барои пухтани навъҳои гуногуни ширинӣ кумак мерасонад.
Чаро мардҳо монеи соҳибкории занон мегарданд?
Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳамаи бонувони соҳибкор дар оила ва ҷомеа дастгирӣ меёбанд. Ҳарчанд солҳои охир пешравиҳои зиёде дар самти соҳибкории занону духтарон дар ҷумҳурӣ ба назар расанд ҳам, мутаассифона, то ба имрӯз монеаҳои зиёди гендерие мавҷуданд, ки садди роҳи рушди фаъолияти соҳибкории бонувон мегарданд.
Тавре Санавбар Имомназарова, тренер доир ба тиҷорати занон ва ҳамзамон роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Чашма”мегӯяд:
- Занону духтарони тоҷик бештар бо патент ва Шаҳодатномаи соддакардашуда аз қайд мегузаранд. Барои бо соҳибкории васеътар машғул шудан, ташкили ҶДММ ва дигар намудҳои тиҷорат ҳуҷҷатҳои зиёде лозиманд, ки вақт ва маблағро талаб менамоянд, аммо бонувон чунин имконият надоранд.
Коршинос таъкид намуд, ки яке аз мушкилиҳои асосии бонувон - ин дарёфти маблағ барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Барои аз бонк қарз гирифтан занон молу мулке надоранд, ки ба гарав монанд, зеро маъмулан тамоми амвол ба номи мардони хонавода – падар, барлдар ё шавҳар аст. Ба ғайр аз ин, бонувон дар оила масъулиятҳои зиёде доранд - тарбия ва нигоҳубини кӯдакон, тайёр кардани хӯрок, кори хона, ҳамаи ин корҳо ба зиммаи зан аст. Мушкилоти оилавӣ имконияти бонувонро хеле маҳдуд месозад, бар замми ин, дар шароити деҳот бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани бонувонро он қадар хуш надоранд. Дар аксари оилаҳо падар, бародар, шавҳар ва дигар мардони хонавода барои ба соҳибкорӣ машғул шудани занону духтарон иҷозат намедиҳанд...
Коршинос мегӯяд, ки ҳарчанд солҳои охир шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон нисбатан зиёд шуда бошад ҳам, имкониятҳо ҳанӯз баробар нестанд. Дар идораи андози ноҳия, дар кумитаи заминсозӣ, шуъбаи иқтисоди ҳокимияти иҷроия, ҷамоатҳо шумораи мутахассисон аз ҳисоби занон агар ақаллан 30-35%-ро ташкил медод, шояд монеаҳои гендерӣ камтар мешуданд.
“Дастгирӣ наёфтан аз тарафи аҳли хонавода, надоштани ҷой, қимат будани нархи иҷора, надоштани маблағи кифоя барои соҳибкории калон, баланд будани фоизҳои қарзҳои бонкӣ, надоштани таҷрибаи кофӣ ва нисбатан паст будани донишу маърифати молиявии бонувон аз зумраи мушкилиҳои асосии занҳои соҳибкори тоҷик ба шумор мераванд”,- мегӯяд тренер оид ба тиҷорати занон Санавбар Имомназарова.
Грантҳои Президентӣ ба рушди соҳибкорӣ дар байни занон мусоидат менамоянд, агар...
Сабоҳат Рустамзода, мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сӯҳбат атрофи ин мавзӯъ ба мо гуфт:
- Масъалаи ҷалби занону духтарон ба фаъолияти соҳибкорӣ дар меҳвари сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар қарор дорад ва бо мақсади рушди соҳибкорӣ дар байни бонувон тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Яке аз чунин тадбирҳои судманд аз соли 2006 инҷониб ҳамасола ҷудо кардани грантҳои Президентӣ ба бонувони соҳибкор мебошад. Агар соли 2006 ба 40 нафар занону духтарон ба маблағи 1 миллион сомонӣ грантҳои Президентӣ ҷудо шуда бошанд, пас дар соли 2024 барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба 120 нафар бонувон ба маблағи 5 миллион сомонӣ грантҳои Президентӣ ҷудо карда шудааст. Грантҳои Президентӣ - ин қарзи бебозгашт буда, мақсад аз он рушд додани фаъолияти соҳибкории занон, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани занону духтарон (махсусан дар деҳот) ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун, беҳтар намудани шароити зисту зиндагии хонаводаҳо, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат намудан ба рушди истеҳсолот ва иқтисодиёти кишвар мебошад. Занону духтароне, ки соҳиби грантҳои Президентӣ мегарданд, вобаста ба лоиҳа ва коре, ки оғоз кардан мехоҳанд, аз 20 000 то 60 000 сомонӣ маблағи бебозгашт ба даст меоранд ва агар онро мувофиқи мақсад, самаранок истифода баранд, метавонанд минбаъд аз ҳисоби даромади ба даст овардаашон фаъолияти соҳибкории худро васеъ гардонида, натанҳо барои бозори дохилӣ маҳсулот истеҳсол намоянд, балки маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар низ бароранд.
Дар идомаи суҳбат Рустамзода афзуд, ки аз ҷониби раисони вилоятҳо низ барои рушди соҳибкории занон маблағҳои муайян ҷудо карда мешаванд. Ба таври мисол, соли равон раиси вилояти Суғд ба 60 нафар бонувон грант ҷудо кард, дар Хатлон бошад, 40 нафар занҳои соҳибкор соҳиби гранти раиси вилоят гаштанд.
Душвориҳои зиндагӣ Инобатро соҳибкор кард
Қаҳрамони дигари мо Инобат Раҷабова сокини ноҳияи Вахш буда, чандин сол боз бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад. Маҳз душвориҳои зиндагӣ ӯро маҷбур намудаанд, ки рӯ ба соҳибкорӣ оварад. Шавҳарашро дар ҷанги бародаркуш ба қатл расониданд ва ин зани қавиирода ба хотири хору зор ва муҳтоҷ нагаштани кӯдаконаш мағозаи валангореро ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкориро оғоз намудааст.
Тавре худи Ибодат Раҷабова зимни суҳбат бо мо гуфт, соли 2016 ӯ ҳамагӣ 10 ҳазор сомонӣ гранти Президентӣ гирифта буд, вале бо шарофати талош ва заҳматҳои шабонарӯзӣ тавонист доираи тиҷораташро сол то сол васеътар гардонида, соҳиби ошхонаи хусусӣ-тезтайёр, сехи қаннодӣ ва маркази омӯзишӣ гардад.
“Ман шогирдони зиёде дорам. Шодам, ки дар тӯли фаъолиятам ба зиёда аз 500 нафар занону духтарони деҳотӣ ҳунари худро ёд дода тавонистам”,- мегӯяд Инобат Раҷабова ва таъкид мекунад, ки зан бояд ҳатман касбу ҳунар омӯзад, то тавонад дар ҳама ҳолат бо роҳи ҳалол ризқу рӯзии худро пайдо намуда, мустақилияти иқтисодӣ ба даст орад ва пеши касе муҳтоҷ нагардад.
Маърифати молиявӣ намерасад
Марҳабо Олимӣ, коршиноси ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” андешаҳояшро дар боби бурду бохти бонувони соҳибкор иброз дошта, чунин гуфт:
- Ҳамасола аз ҷониби давлату ҳукумати Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ дар байни бонувон тадбирҳои зиёде андешида мешаванд, вале то ба ҳол як қатор мушкилиҳо вуҷуд доранд. Аз ҷумла мавҷуд набудани захираи молиявӣ барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ, нобаробарӣ дар тақсимоти захираҳо байни мардон ва занон дар оила, ки сабаби надоштани моликияти кафолатӣ барои бонкҳо мегардад, мушкилоти дастрасӣ ба қарзҳо, баланд будани фоизҳои қарзҳое, ки бонкҳо пешниҳод менамояд, торафт пуршиддат гаштани рақобат дар бозор, малакаи пасти соҳибкорӣ ва паст будани маърифати молиявию саводнокии иқтисодии занон аз ҷумлаи омилҳои асосие мебошанд, ки монеи рушди соҳибкорӣ дар байни занону духтарон мегарданд.
Марҳабо Олимӣ таъкид намуд, ки гузаронидани машғулият ва омӯзишҳо барои занону духтарон бо мақсади баланд бардоштани дониши иқтисодӣ ва малакаи ташкилу рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва ҳуқуқии бонувон, дастгирии соҳибкории занон ва мусоидат ба рушди корхонаҳои навтаъсиси онҳо, таблиғу ташвиқи омӯхтани касбу ихтисосҳои дар бозори меҳнат серталаб ва омӯзонидани малакаи идоракунӣ боиси афзоиш ёфтани шумораи занони соҳибкор ва саҳми босозо гузоштани онҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар ва баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум хоҳад гашт.
Шумораи занони соҳибкор чӣ қадар аст?
Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 112 000 бонувони соҳибкор расман ба қайд гирифта шудаанд, вале тавре коршиноси масоили соҳибкории занон Санавбар Имомназарова гуфт, на ҳамаи занони бо соҳибкорӣ машғул аз қайди идораи андоз гузаштаанд. Қисмати зиёди занон бо соҳибкории иҷтимоӣ, дӯзандагию пазандагӣ, ҳунарҳои миллӣ ё савдо дар бозору мағозаҳо машғул буда, даромади ба даст меовардаи онҳо фақат ба либосу хӯрока мерасаду халос.
Ба андешаи коршинос, соҳибкорӣ дар байни бонувон дар вилояти Суғд, махсусан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Б. Ғафуров бештар рушд намудааст. Дар Бадахшон, махсусан Хоруғ, Ванҷ, Дарвоз пешсафанд. Дар вилояти Хатлон бошад, дар Кӯлоб, Бохтар, Кӯшониён, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷайҳун шумораи бонувони соҳибкор бештар аст. Дар водии Рашт, Оби Гарм, Рӯдакӣ, Ваҳдат рушди соҳибкории занон сусттар буда, дар Ҳисор, Турсунзода нисбатан беҳтар мебошад.
Тавсияи коршиносон ба бонувоне, ки орзуи соҳибкор шуданро доранд
Санавбар Имомназарова мегӯяд, ки имкониятҳо ҳоло нисбат ба солҳои пеш зиёд шудаанд. Ин коршиноси масоили соҳибкории занон ба бонувоне, ки мехоҳанд фаъолияти соҳибкории худро роҳандозӣ намоянд, тавсия медиҳад, ки дар семинару тренингҳое, ки ба рушди соҳибкорӣ ва саводнокии молиявӣ равона шудаанд, иштирок кунанд. Доир ба ташкилотҳои миллӣ ва хориҷие, ки ба дастгирии соҳибкории занон машғуланд, маълумот дастрас намуда, ба онҳо бо ғояҳои нав муроҷиат намоянд. Бори аввал, агар муваффақ нашуданд, рӯҳафтода нашуда, талоши худро идома диҳанд. Пеш аз гирифтани қарз барои тиҷорат бо шартҳои пешниҳодкардашуда хуб шинос шаванд. Бисёр бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои занон барномаҳои хуб пешниҳод менамоянд. Аз онҳо истифода баранд. Ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошанд ва аз душворӣ наҳаросида, барои муваффақият талош варзанд, албатта муваффақ мегарданд.
Фирӯза САТТОРӢ