Оббозӣ баъди футбол машғулияти аз ҳама дӯстдоштаи ҷавонон аст. Кӣ намехоҳад, ки дар ин ҳавои гарму сӯзон худро ба оғӯши амвоҷи роҳатбахши об афканда, тасфи танашро барорад?
Албатта оббозӣ карда, салқин шудан ва худро ҷисман обу тоб додан хуб аст, вале надонистани забони об, яъне қоидаҳои оббозӣ метавонад ба сари кас балои азим оварда, ӯро ба гирдоби нестӣ афканад. Ҳодисаи нохуше, ки дирӯз ба сари як ҷавони тоҷик омад, далели равшани ин гуфтаҳост.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз марги фоҷиавии як ҷавони тоҷик дар об хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ин ҷавони 22-сола ҳангоми оббозӣ кардан дар кӯли сунъии “Мехкарер” ғарқ шудааст.
Хабари ғарқ шудани як шахси ношинос дар кӯл дирӯз баъди зуҳр тариқи шумораи ягонаи “112” ба қисми навбатдорӣ расид ва наҷотдиҳандагон зуд ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шуданд, вале наҷот додани ҷони ин ҷавони номарод ба онҳо муяссар нагашт. Наҷотдиҳандагон фақат тавонистан ҷисми беҷони ҷавонро аз об бароварда, ба волидонаш супоранд.
Боз як ҳодисаи дигари ғарқшавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғд ба вуқуъ пайваста, як ҷавони 19-сола дар обанбори стансияи насосии “Сомгор” қариб ғарқ шуда буд, вале ба бахти ин ҷавон наҷотдиҳандагон сари вақт ба имдодаш расиданд ва ӯро аз об берун кашиданд. Ба ҷабрдида ёрии аввалини тиббӣ расонда шуда, ҳолаташ хуб аст.