Ҳунарманд ва модели 36-солаи турк Киванч Татлитуғ ва ҳамсараш Башак Дизер, тарроҳи 43-солаи турк аз болои Синон Алтинтош, як шаҳрванди Туркия ба суд шикоят бурдаанд, зеро ӯ ҳунарманд ва ҳамсарашро ба куштан таҳдид мекардааст.
Баъдан маълум шуд, ки пештар Синон Алтинтош ҳунарпешаи 28-солаи кипртабори турк Ҳазар Эргучлуро низ ба куштан таҳдид карда будааст. Суди оилавии Истанбул изҳоротеро нашр карда, гуфтааст, ки ҳунарпеша Ҳазар Эргучлу дӯстдоштаи Синон Алтинтош мебошад ва Киванч ҳамроҳи ҳамсараш ба муносибатҳои онҳо халал мерасонидаанд. “Синон Алтинтош аз Киванч Татлитуғ ва Башак Дизер талаб кардааст, ки дӯстдоштаи ӯ Ҳазар Эргучлуро гирифта, ба назди ӯ биоранд ва танҳо дар ин ҳолат аз марг наҷот меёбанд. Волидони Синон аз ҳунармандон хоҳиш кардаанд, ки ҳолати рӯҳии писарашон хуб нест ва шикояташонро пас гиранд.
Агар чунин таҳдидҳо идома ёбанд, бигзор худи суд чора андешад”,-гуфтааст, адвокати Киванч ва Башак дар дархости худ. Суд қарор кардааст, ки Синон муддати як моҳ ба корҳои Киванч ва Башак ҳаққи дахолат кардан надорад. Менеҷери Ҳазал Эргучлу гуфтааст, ки ҳунарпеша Синон ном ҷавонро намешиносад ва бо ӯ алоқае надорад.
Хабарҳо аз Тоҷикистон
Фарзанди сеюми Фаридуни Хуршед ба дунё омад
Фаридуни Хуршед, овозхони 29-солаи тоҷик ва собиқ шавҳари Фарзонаи Хуршед бори сеюм падар шуд. Дар ин бора худи овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст. “Имрӯз барои ман рӯзи хурсандиву хушбахтист. Фарзанди азизам Баёзид ба дунё омад. Қудуми некат муборак бошад, азизи падар”,-навиштааст, овозхон ва кулли дӯстону мухлисонаш ба хурсандии ӯ шарик шудаанд. Фаридуни Хуршед 28-уми июли соли гузашта бори сеюм издивоҷ карда буд ва бо гузашти қариб як сол, санаи 22-юми июл ҳамсараш ба овозхон шоҳписар ҳадя кард. Издивоҷи сеюми Фаридун бо хости волидонаш, оддиву хоксорона ва бе иштироки ҳунармандони маъруфу базму бозӣ барпо гардида буд. Кӣ будани ҳамсари сеюми овозхон то ҳол ба мо маълум нест. Фаридуни Хуршед соли 2014 аз ҳамсари якумаш ҷудо шуд ва бо овозхони шинохтаи кишвар Фарзонаи Хуршед, ки аз худаш як сол калон аст, оила барпо кард. Соли 2015 духтарчаашон Закия ва соли 2016 писарчаашон Муҳаммадхуршед ба дунё омад ва ҷуфти ҳунарманд баъди се соли оиладорӣ бо сабабҳои номаълум аз ҳам ҷудо шуданд. Фарзонаи Хуршед баъди аз Фаридун ҷудо шуданаш бо Ҷовид ном марде оила барпо кард ва Фаридун ҳам баъди ду соли танҳоӣ хонадор шуд. Ҳунармандон аз ҳам ҷудо шуда бошанд ҳам, ҳамчун дӯст муносибат доранд ва ҳамдигарро ҳурмат мекунанд.