toyota motors
Кишвари Беларус ронандагони тоҷикро ба кор дар автобус даъват мекунад
90

Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри як эълон ронандагони тоҷикро ба кор дар автобус дар кишвари Беларус даъват намудааст.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шаҳри Гроднои Ҷумҳурии Беларус ба сифати ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ, яъне автобус кор карда, аз 700 то 1700 доллар маош мегиранд.

Доштани шаҳодатномаи ронандагии категорияи D, E ва донистани забони русӣ ҳатмист.

Ронандагони аз 21 то 60-сола, ки хоҳиши дар кишвари Беларус кор кардан доранд, метавонанд ба Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80 ҷойгир шудааст, муроҷиат намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 221-39-83 ва 930-93-49-94

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД