Кишоварзон қарзи обро пурра пардохт накардаанд, вале...
146

Дар соли 2025 идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 60025 истифодабарандагони об шартнома баста, дар майдони 514925 гектар замин ба онҳо дар ҳаҷми 3 млрд 770,4 млн метри мукааб хидмати обрасонӣ намудаанд, ки маблағи он 181 млн 303,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, вале истифодабарандагони об дар ин давра ҳамагӣ 83,713 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи обро пардохт намудаанд, ки 46%-ро ташкил медиҳад.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Зафарбек Давлатзода, сарвари Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, гуфт: “Идраҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадориҳои худро ҷиҳати бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ иҷро карда бошанд ҳам, истифодабарандагони об ҳақи хизмати обрасониро ба пуррагӣ пардохт намекунанд. Бақияи қарзи пардохт нашудаи ҳақи хизмати обрасонӣ 97 млн 654,9 ҳазор сомонӣ ва бо дарназардошти қарзҳои пештара 388 млн 287 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо ҳамин сабаб қарзҳои дебиторӣ 88,2 млн сомонӣ афзоиш ёфтаанд”.

Бо мақсади рӯёнидани 47 млн 518,5 ҳазор сомонӣ қарзи ҳақи хизмати обрасонӣ аз ҷониби идораҳои зертобеи агентӣ ба суди иқтисодӣ ва прокуратура ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гашта, ба фоидаи ин идораҳо 7,9 млн сомонӣ рӯёнида шудааст.

Тавре сарвари агентӣ гуфт, аксари қарздорон хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд ва ба хотири таъмини амнияти озуқавории мамлакат идораҳои зертобеи агентӣ сарфи назар аз қарзҳои мавҷудаашон деҳқонон ва кишоварзонро бо оби полезӣ таъмин менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД