Дар шабакаҳои иҷтимоӣ домуллоҳое баромадаанд, ки талқин мекунанд, ки дӯстони ғайримусалмонамон, ба монанди русу аврупоиро бародар нагӯем, зеро онҳо бародари мусалмон нестанд. Оё ин ҳақиқат дорад?
ШУКУҲ, аз ш. Москва
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Яке аз самараҳои тавҳид, ки дини Ислом ба он фаро мехонад, ин бародарии инсонҳо аз нигоҳи башарият аст, ки баробарии инсонӣ аз лавозимоти он мебошад. Ин бародарӣ рӯи ду поя бино ёфтааст:
Якум: Тамоми инсонҳо бо тақозои даъват ба тавҳид бандагони як Худо, ки онҳоро офарида, баробарандом сохтааст, ҳастанд. Пас, ҳамаи онҳо дар мартабаи бандаи Худо будан баробаранд.
Дуюм: Тамоми инсонҳо фарзандони як падаранд. Эшон сарфи назар аз фарқи рангҳо, дурии ватанҳо, гуногунии забонҳо, тавофути табақаҳо, фарзандони ҳазрати Одаманд. Пас, ҳамаашон дар мақоми фарзанди Одам будан баробаранд.
Ин ҳамон маъноест, ки Паёмбар (с) онро дар “Ҳаҷҷат-ул-вадоъ” вақте дар байни анбӯҳи мардум гап заданд, ба уммат расонида чунин гуфтанд: “Эй мардум! Бешубҳа, Парвардигоратон як зот ва падаратон як кас аст. Огоҳ бошед, ки ҳеҷ арабе бар аҷамӣ ва ҳеҷ аҷамие бар арабӣ ва ҳеҷ сурхпуст бар сиёҳпуст ва ҳеҷ сиёҳпуст бар сурхпуст бартарӣ надорад, магар бо парҳезкорӣ.”
Худои Таъоло мефармояд: “Эй мардум! Мо шуморо аз нару мода офаридем ва шуморо тираҳо ва қабилаҳо гардонидем, то якдигарро шиносед. Ҳамоно, гиромитарини шумо назди Аллоҳ парҳезкортарини шумост.” Имом Аҳмад (р) овардааст, ки Паёмбар (с) баъд аз ҳар намоз се дуоро мехонданд, ки яке ин аст: “Илоҳо, эй Парвардигори мо ва Парвардигори ҳамаи ашё ва эй Молики ҳамаи ашё, ман гувоҳӣ медиҳам, ки тамоми бандагон баробари ҳаманд.”
Ин дуои Паёмбар гувоҳӣ додан ба он ки тамоми бандагони Худо бародари ҳам ҳастанд.
Бинобар ин, Шумо бо миллатҳои ғайр ва ғайримусалмон дар осоиш ва дӯстӣ зиндагиву кор кунед ва ба гуфтаи муллоҳои такфирӣ диққат надиҳед.