Дар соли 2026 барои хатмкунандагони мактабҳои миёна 1650 квотаи президентӣ ҷудо шудааст. Нафароне, ки ба дарёфти квота мушарраф мегарданд, имкон доранд бидуни озмун ба донишкадаҳои олии кишвар дохил шуда, ба таври ройгон таҳсил намоянд. Киҳо соҳиби квотаи президентӣ гашта метавонанд?
Дар даври сеюми Озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2026-2027, дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 61 шаҳру ноҳияи мамлакат зиёда аз 6 ҳазор довталаб - ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ иштирок хоҳанд кард. Озмуни мазкур барои дарёфти 1670 ҷойи квотаи президентӣ ба 18 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон шумораи квотаҳои президентӣ зиёд ва ба 1670 ҷой расонида шудааст. Қисми зиёди квотаҳо барои омода намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаи омӯзгорӣ, илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ ҷудо мешаванд.
Вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода ба ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва одилона баргузор намудани озмун дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намудааст, ки танҳо довталабони арзанда, донишманд ва соҳибмаърифат бояд соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд.
«Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат ба ҳисоб рафта, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонони лаёқатманд, махсусан хатмкунандагони муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳистони кишвар мебошад»,- омадааст дар хабар.