Дар соли 2025 аз саросари ҷаҳон 131 060 нафар лотореяи грин-корт, яъне корти сабз бурд кардаанд, ки дар байнашон зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд. Акнун ин афрод метавонанд барои дарёфти раводид - визаи муҳоҷиратӣ ба Амрико дархост пешниҳод намоянд.
Дар байни кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама бештар зодагони Ӯзбекистон грин-корт бурд кардаанд. Аз ин кишвар 5564 нафар дар соли 2025 соҳиби корти сабз гаштаанд. Аз Қирғизистон 3095 нафар дар лотореяи грин-корт бурд намудаанд. 2004 нафар зодагони Қазоқистон ва 2010 нафар шаҳрвандони Туркманистон низ дар соли 2025 соҳиби корти сабз гаштаанд.
Аз Тоҷикистон тибқи маълумоти расмии сомонаи ин лоторея www.usgreencardoffice.com имсол 2989 нафар соҳиби грин-корт шудаанд.
Дар байни афроде, ки соҳиби грин-корт шудаанд, 5519 нафар аз Россия, 5264 нафар аз Эрон ва 4009 нафар аз Афғонистон мебошанд.