Lmarka 2025
Киҳо аз иштирокчиёни ҶБВ зинда мондаанд?
636

Соли гузашта шумораи ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон 24 нафар буд, вале тӯли як соли охир 7 нафар бобоёни қаҳрамон фавтида, ҳамакнун танҳо 17 нафар зинда мондаанд.

Айни замон дар Хатлон 8, дар Суғд 2, дар шаҳри Душанбе 2 ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 5 нафар иштирокчиёни ҶБВ умр ба сар мебаранд, ки кӯҳансолтаринашон Рашид Каримови 113-сола аз Шоҳамбарӣ мебошад, ки 9-уми майи соли 1912 таваллуд шудааст.

Азиз Қодирови 103-сола дар Шаҳринав зиндагӣ мекунад, дар Бохтар бошад, бобои Сафаралӣ Файзалиев рӯзи 9-уми майи соли 2025 ҷашни 102-солагиашро таҷлил хоҳад кард.

Дар шаҳри Душанбе иштирокчии ҶБВ Мухтор Заргаров 101-солагиашро ҷашн мегирад. Сокини ноҳияи Деваштич Нозим Носиров низ имсол 101-сола мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД