arzon replenishment
КИҲО АЗ ИН ДОРӮ ИСТИФОДА БУРДА МЕТАВОНАНД?
2978

Коронавирус-бемории хатарноке, ки тамоми сайёраи Заминро ба даҳшат оварда, ҷони миллионҳо нафарро дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам рабуд. Ковид-19 одамонро он қадар ба ваҳшату даҳшат овардааст, ки бо кадом қимате набошад, мехоҳанд давои ин вирусро ба даст биёранд, то ки аз чанги ин аждаҳои бераҳм наҷот ёбанд...

Бори аввал аз Русия ба Тоҷикистон як миқдор дорӯи зидди коронавирус ворид гардид. Ин дорӯ, ки шояд дар сарнавишти инсон нақши калидиро бозида тавонад, насиби киҳо мешавад?

Тавре ки хабаргузории Sputniк иттилоъ додааст, ваксинаи зидди коронавирус тавассути нақлиёти ҳавоии ҳарбӣ аз Русия ба Тоҷикистон ворид карда шуда, танҳо барои эмгузаронии 1100 нафар кифоят мекунад. Ин дорувор барои хизматчиёни базаи ҳарбии 201-и Русия, ки дар Тоҷикистон адои хизмат менамоянд, пешбинӣ шудааст.

"Табибони ҳарбӣ барои интиқол додани ваксина аз Русия ба Тоҷикистон зарфҳои махсусеро истифода бурданд, ки сардиро нигоҳ медорад” омадааст дар хабар.
Дар навбати аввал кормандони госпитали ҳарбии 451-и Русия дар Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбӣ аз ин дорувор баҳравар хоҳанд гашт. Эмгузаронии зидди коронавирус ихтиёрӣ буда, қабл аз гузаронидани дорӯ табибон ба ихтиёриён дар бораи ин ваксина, таъсири он ба ҷисми инсон ва оқибатҳои эҳтимолии эмгузаронӣ маълумот медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД