Субҳи имрӯз Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос, киношинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ба Oilа.tj хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, марҳум солҳои зиёд аз бемории сутунмуҳра азият мекашид ва як ҳафтаи охир дар беморхонаи “Қарияи Боло” бистарӣ буд.
“Ду рӯз пеш дар беморхонаи Қарияи Боло ҷарроҳӣ шуд, вале пас аз ҷарроҳӣ саломатияш бадтар гардид. Имрӯз тахминан соатҳои 4-и субҳ гузаштанд”,- гуфт як манбаи дигари мо бе зикри ном.
Ба баёни Сафар Ҳақдод, маросими видоъ бо Саъдулло Раҳимов дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ 10 (хонаҳои “Қайроққум”) баргузор шуда, соати 1-и нисфирӯзӣ ӯро дар масҷиди маҳаллаи Навобод ҷаноза мекунанду дар қабристони “Каленин” ба хок месупоранд.
Саъдулло Раҳимов 8-уми ноябри соли 1951 дар ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро ба дунё омада, доктори илмҳои фалсафа ва узви Иттиҳодияи синамогарони ИҶШС буд.
Ӯ ду давра ҳамчун директори киностудияи «Тоҷикфилм» ва сипас, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио кор карда, аз соли 2011 котиби Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буд. Муаллифи сенария ва коргардони чандин филмҳои ҳуҷҷатӣ, силсилафилмҳо дар бораи ВМКБ ва ҳаммураттиби китоби «Энсиклопедияи кинои Тоҷикистон» аст.