Formula novemver 2024
“Хусури ман“ барои чӣ машҳур шуд?
1752

Шумо мухлиси филми ҳаҷвии “Хусури ман“ ҳастед? Мехоҳед бидонед, ки чаро ин филм инқадар машҳур шуд? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!

Филми ҳаҷвии “Хусури ман” яке аз сермухлистарин филмҳои тоҷикӣ ба шумор меравад, ки миллионҳо мухлис дорад. Тамоми қисмҳои ин филмро дар як муддати кӯтоҳ миллионҳо нафар тамошо мекунанд.

Зиёд нафарон мехоҳанд бидонанд, ки ин филм чаро ин қадар машҳур шуд.

Абдухалил Буриев яке аз нақшофарони асосии ин филм, бо номи Сангалӣ дар мавриди чаро машҳур шудани ин филм чунин гуфтааст: “Албатта, сабабҳо зиёданд, вале фикр мекунам яке аз омилҳои асосӣ ин аст, ки саҳнаҳои филм ба зиндагии одии мардум монандии зиёд дорад”.

Ҳамзамон дар мавриди то кай давом кардани филм ӯ чунин қайд кардааст: “Ростӣ, намедонам силсилафилми "Хусури ман" то кай давом меёбад. Вале албатта, нақшаҳои зиёд дорем”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД