Дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест – 2023” дар бораи оғози сохтмони Театри ба номи Маяковский дар Душанбе сухан рафт.
Ин нуктаро муовини Сарвазири Русия Марат Хуснуллин иброз дошта, гуфт, ки сохтмони театр дар ояндаи наздик оғоз меёбад.
“Сохтмони театри ба номи Маяковский дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик оғоз хоҳад шуд", - қайд кард Хуснуллин.
Дар доираи ин ҳамоиши бузурги иқтисодӣ муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин бо як сафари корӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Гуфта мешавад, интизор аст ӯ бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мулоқот кунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода гуфта буд, ки ҷойи сохтмони бинои Театри драмавии русии ба номи Маяковский аллакай муайян гардидааст.
Ногуфта намонад, бинои кӯҳнаи театри Маяковский, ки дар маркази пойтахт буд, соли 2016 вайрон карда шуд ва мақомот омили онро дар мутобиқ набудан ба талаботҳои театри муосир медонанд.
Бояд гуфт, ки Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест-2023” имрӯз дар Душанбе бо иштироки 800 намоянда аз 30 кишвари ҷаҳон оғоз шуд. Аз ҷумла, дар ин ҳамоиш сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин ва муовини сарвазир - роҳбари дастгоҳи Ҳукумати Қазоқистон Голимҷон Куйшибоев, ҳамчунин роҳбарони вазорату ниҳодҳои дахлдори марбута иштирок доранд.
Мақсади асосии Форуми мазкур муаррифии шароиту имконот барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҷалби сармоя, тавсеаи ҳамкориҳои ширкатҳои Тоҷикистон ва сармоягузорони хориҷӣ ва мусоидат ба рушди тиҷорати электронӣ мебошад.