arzon replenishment
ХУШХАБАР: 1575 НАФАР АЗ COVID-19 ШИФО ЁФТААНД
2477

АМИТ "Ховар" дар такя ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар додааст, ки то соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то ин соат дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд.

Мутаассифона, то санаи мазкур дар мамлакат 47 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Хушбахтона, шабонарӯзи гузашта ягон нафар аз ин беморӣ вафот накардааст. То 27 майи соли равон дар ҷумҳурӣ 2501 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 385 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд. Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди тиб юарои мубориза бо ин вирус сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор ҳамшира бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кӯмаки фаврӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД