Ду ҳодисаи даҳшатбор дар ним сол
Дар давоми шаш моҳи соли равон дар Вилояти Суғд ду ҳодисаи даҳшатбор рӯй дод, ки тамоми Тоҷикистонро ба ларза овард. Якумӣ худкушии як ҷавонзани нокм бо ду кӯдаки хурдсолаш дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳодисаи даҳшатбори дуюм куштори ваҳшиёнаи ду фаррошзан дар ноҳияи Деваштич буд, ки гунакораш аллакай боздошт шудааст, вале...
Чанде пеш мо дар сомона оиди куштори ваҳшиёнаи ду фаррошзан дар Деваштич маводе нашр намуда, тафсилоти пурраи ин ҳодисаи хунинро манзури хонандагони хеш гардонида будем, аммо сабаби даст ба худкушию фарзандкушӣ задани Санъат Ғаффорова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров, ки худро бо ду кӯдак ба дарёи Сир партофта несту нобуд кард, бароямон норавшан монд.
Журналистро бо ҷангу ҷанҷол пеш карданд, вале...
Аслан, ҳамагӣ пас аз як рӯзи сар задани ин ҳодисаи ваҳшатбор мо роҳи ноҳияи Бобоҷон Ғаффуровро пеш гирифтем, то бо аҳли хонавода сӯҳбат карда, чи тавр сар задани ин рӯйдоди нохушро пурсон шавем, ки аҳли оилаи шавҳари марҳум Санъат Ғаффорова бо ҷангу ҷанҷол ва хархаша моро аз хона ронда, нагузоштанд, ки модару хоҳар ва дигар пайвандони Санъатҷони ноком сӯҳбат намоем. Онҳо иддао мекарданд, ки аламзада ҳастанд ва ба гӯшашон намефорад, аммо ҳамагӣ ду ҳафта пас аксҳояшонро дар фейсбук дидем, ки дар тан куртаи сурх доштанд. Ин аксҳо моро дар ҳайрат гузоштанд,чунки аз рӯйи таомули тоҷикона мотамзадагон либоси сиёҳ ё кабуд мепӯшанд ва куртаҳои сурхи ин “мотамзадагон” мақоли халқии “мурдая монда тутхӯрӣ”-ро ба ёд меовард...
Бо ҳамин ин қазия дигар барои мо норавшан монд, вале билохира намояндагони мақомоти прокуратураи Вилояти Суғд парда аз рӯйи асрор бардоштанд.
Прокурори вилоят:
Нисбати хушдоман парванда боз шудааст
Прокурори вилоят Фурқат Хоҷазода зимни нишасти матбутӣ дар посух ба саволи журналистон оид ба худкушии ин ҷавонзани ноком гуфт, Санъат Ғаффорова, сокини ҷамоати Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, рӯзи 29-уми июн худ ва ду кӯдаки хурдсолашро ба дарёи Сир афканда, ба ҳалокат расонид. Дар пайи ин ҳодиса нисбат ба Маҳбуба Саидолимова, хушдомани ин зан ва дигар наздиконаш барои “ба худкушӣ расонидан” бо модаи 109-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
“Аз рӯзҳои аввали оиладориаш муносибати аҳли оилаи шавҳараш нисбати марҳум Ғафорова хуб набуда, шаъну шараф ва обрӯи ӯро хушдоман ва дигар аҳли оила мунтазам паст зада, баъзан мавриди лату кӯб ҳам қарор медодаанд”-гуфтааст Фурқат Хоҷазода.
Ёдрас мешавем, ки мувофиқи ин банди қонун аз се то панҷ соли зиндон пешбинӣ шудааст, вале...
Хушдоман:
“Мо 8 моҳ қаҳрӣ будем”
Маҳбуба Саидолимова, хушдомани Санъат Ғаффорова дар сӯҳбат ба ҳамкоронамон гуфтааст, ки ҳашт моҳ боз бо келинаш гап намезад ва коре ба краш надошт.
“Агар дар берун медиду салом медод, алейк мегирифтам, лекин махсус омада ҳолпурсӣ намекард. Дар берун бошам, фарзандҳояшро оварда медод ва дар нишастгоҳ бозӣ медорондам. Ман барои худкушӣ карданаш айбдор нестам ва тамоман бо вай гап назадам”—гуфтааст ӯ.
Саволе ба миён меояд, ки агар оила солим бошад, магар дар зери як айвон зиста келину хушдоман 8 моҳ қаҳрию ногап мешаванд?!
Хушдомани Санъат Ғаффорова гуфтааст, ки худи вай ва духтараш ба бемории саратон гирифтор ҳастанд ва чанд сол боз табобати химиявӣ мегиранд. Инҳо исрор доранд, ки вақтҳои охир ҳолашон бад шуда, аслан маҷоли ҷангу ҷидол бо арӯси хонаводаашонро надоштанд.
Фарҷоми талхи зиндагии ҷавонмарги 27-сола
Санъатҷон Ғаффорова моҳи декабри соли 2017 бо писари Маҳбуба Саидолимова хонадор шуда, то худкушӣ карданаш муддати 7 сол бо шавҳараш хонадрӣ кардааст. Онҳо аз зиндагии муштаракашон ду фарзанд доштанд, ки яке панҷмоҳа ва дигарӣ дунимсола буд, аммо рӯзи 29-июн Санъатҷон худро бо кӯдакони хурдсолаш ба оғӯши Сирдарё партофта, рӯзи 30-уми июн ҷисми беҷони ин ҷавонзани ғурамарг ва як фарзандашро аз атрофи заминҳои кишоварзии ҳудуди ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов пайдо карда ва ба хок супурданд. Пас аз як шабонарӯзии кофтукоби масъулини ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода кӯдаки калонии ин ҷавонзани ормони-Муҳаммадҷони 2,5 соларо пайдо карда, ба аҳли оилааш супурданд. Дидани ин манзара ва нолаи ҷонсӯзи модари Санъъатҷони ғуррамарг дар мотами духтару набераҳои ормониаш дилисанги хороро об мекард, аммо...
Адолат барқарор мешавад?
Бовар дорем, ки масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вилояти Суғд сабабу омилҳои худкушии ин ҷавнзани нокомро бо ду кӯдаки ноболиғашро мушикофона санҷида мебароянд ва муҷримони марги Санъатҷону кӯдакони бегуноҳашро, ки як ҷавонзани 27-соларо аз ҷони ҷавонаш сер карда, то худкушӣ расонданд, ба ҷавобгарӣ мекашанд.
Мо ин қазияро то охир пайгир ҳастем ва баъди содир шудани ҳукми додгоҳ хонандагони азизи сомонаи “Оила”-ро аз он огоҳ хоҳем кард.
Фарзона Муродӣ