Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» сокини шаҳри Хуҷанд, бонуи фаъол Санавбар Убайдуллоева мебошанд. Мо андешаҳои бону Санавбарро дар бораи хушдоманҳое дарҷ менамоем, ки ба зиндагии фарзандон бо ҳар баҳона дахолат мекунанд. Мавод дар ҳамкорӣ бо гурўҳи фейсбукии «Нигоҳи зан» нашр мешавад.
- Хушдомани золим танҳо дар навори кинофилмҳо нест, дар ҷомеа низ шумораи чунин занҳо зиёданд. Шояд аз фарти ҷоҳилият бошад, ки ин тоифаи занҳо бо ҳар баҳона ба зиндагии фарзандони хеш дахолат мекунанд ва баъзан сабабгори хонавайрон шудани онҳо мегарданд. Хусусан, агар писар ба норозигии модар нигоҳ накарда, духтари дўстдоштаашро ба занӣ гирифта бошад, дучори ҷаҳли модар мегардад.
Баъзан эродҳои баҳудаву беҳуда ва шўрандозиҳои модаршў сабаб мешаванду оилаҳои ҷавон вайрон ва фарзандон хору зор мегарданд.
Худкомагӣ хислати бадтарини инсонист, ба хотири бахти фарзандон бояд аз баъзе орзуву ҳавасҳои хубамон гузарем ва кўшиш кунем, ки суханамон созанда бошад, на сўзанда!