Arzon march 2024
Хушдомани золим рӯзи духтарамро сиёҳ кард
3632

Хушдомани золим рӯзи духтарамро сиёҳ кардааст

Дар бору бисотам ҳамагӣ як духтар дорам, ки хеле хуб тарбияташ кардаам. Ба ғайр аз он ки дӯзандаи хуб аст, тамоми ҳунарҳои занона аз дасташ меояд. Феъли дурӯғгӯӣ низ надорад. Чанд сол қабл ӯро ба шавҳар додам ва ҳоло соҳиби се фарзанд аст. Хушдоманаш хеле барвақт шавҳарашро аз даст дода, се писару як духтарро ба танҳоӣ ба воя расонидааст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки бо феъли бад ном баровардааст. Азбаски қудоям дар деҳа мағозаи шахсӣ дорад, рӯзе нест ки бо мизоҷон ҷангу хархаша накунад. Ин зани золим ягонадухтари маро низ рӯз намедиҳад. Духтарам ба хотири хонавайрон нашудан ҳашт сол азобҳои хушдоманро тоқат кард. Хушдоманаш ӯро бо писараш чандин бор ҷанг андохт, домодам бошад, аз гапи модараш тамоман намебарояд. “Ман туро калон кардам, аз гапам берун намешавӣ” гуфта, модараш пайваста ӯро сарзаниш мекунад. Домодам аз тарс духтарамро низ насиҳат мекунад, ки “аз хати кашидаи модарам берун нашав”.

Ду сол пеш, барои он ки набераҳоямон забони русиро хубтар аз худ кунанд, хушдоманаш аз Хуҷанд хонаи иҷора гирифта, духтарамро аз ноҳияи Айнӣ гирифта, ба он ҷо бурд. Набераҳояшро ба боғчаи кӯдакона монда, дар мактаби маҳаллӣ ҳуҷҷатҳояшонро супорид. Ҳар гоҳе пул лозим мешуд, каму беш равон мекард ва чанд рӯз пас домодам ба назди ҳамсараш мерафт. Баъд аз як сол хушдоманаш ба онҳо аз маркази шаҳри Хуҷанд хонаи якҳуҷрагӣ гирифта дод. Аз он ки зиндагии духтарам бо шавҳараш хуб шуд, нафаси осуда кашидам, вале хурсандиям дер давом накард. Хушдомани духтарам дар пеши писараш худро ширин карда, барои набераҳояш либосу лавозимот мехарад, аммо дар набудани домод духтарамро таъна карда, бекорхӯҷа мегӯяд. Ҳоло бошад, хушдомани духтарам ба писараш фармон додааст, ки ҳамсар ва зану фарзандонатро гирифта, ба ноҳияи Айнӣ баргард. Духтарам ба ин ҳама бедодиҳо тоқат накарда, аз телефони як роҳгузар ба ман занг зада гуфт, ки “падар, биё маро аз ин ҷо бар”. Дар аввал гуфтам, ки тоқат кунад, вале баъдан дилам ба ҳоли фарзандам сӯхта, рафта ӯро ба хонаам овардам. Айни замон фарзандам дар хонаи худам аст, намедонам зиндагии ояндаи ӯ бо хушдомани золим чӣ мешуда бошад. 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД