Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» сокини пойтахт хушдомани ҷавон, бонуи фаъоли ҷомеа Хайринисо Саидова мебошанд.
-Бону Хайринисо, ба фикри шумо хушдоманҳои имрӯз аз хушдоманҳои панҷоҳ сол пеш чӣ фарқ доранд?
-Хушдоман модар аст, оё модар метавонад дирӯзаву имрӯза бошад? Модар дар ҳама давру замон толиби хушбахтии фарзанд аст ва барои ин кӯшиш мекунад. Хушдомани хуб дар симои домод писар ва дар симои келин духтарашро мебинад, зеро тақдири фарзанди ӯ, хушбахтии фарзанду наберагонаш аз ҳамин одам вобаста аст. Вақте оила барпо мекунӣ, хушбахтиро бе ҳузури ҳамсар эҳсос нахоҳӣ кард. Дар урфият мегӯянд, ки як сухан сесаду шастушаш паҳлӯ дорад ва саволи шумо низ ҳамин гуна аст. Шояд хушдоманҳои имрӯз дар меҳру муҳаббату нигаҳдории хушбахтӣ дар оилаашон аз хушдоманҳои панҷоҳ сол пеш фарқ надошта бошанд, аммо назарашон фарқ мекунанд.
Ҳар як модар пеш аз он ки духтарашро ба хонаи шавҳар гусел мекунад, бояд ба ӯ фаҳмонад, ки ӯро зиндагии нав интизор аст. Зиндагии бидуни нозбардоре чун падару модар ва қадамҳои нахустин дар ин шоҳроҳ бояд қавӣ ва бо боварӣ ниҳода шавад. Ҳурмату эҳтироми хусуру хушдоман, пайвандони шавҳар, шавҳар дар ҷойи аввал бояд бошад. Сирри хонаводаро берун баровардан хуб нест. Модари ҷавонмард низ бояд ба ӯ гӯяд, ки ҳамсаратро эҳтиром намуда, роҳбаладаш дар ҳаёти навин бош. Хатогиҳои келинро пеши писар ҳисобот надода, онҳоро бо суханҳои насиҳатомез ҳал намудан лозим аст. Оила танҳо бо якдигарфаҳмӣ обод мешавад.
Як тарафи дигари ҳалли мушкилот дар оила ба зиндагӣ тайёр будани келину домод мебошад. Пеш аз он ки фарзандро хонадор мекунем, бояд ба ӯ маълумоти олӣ, ё ақаллан касбу ҳунаре омӯзонем, то фардо азоб накашад.
Боқӣ ба ҳама саодати оилавиро таманно дорам.