sebiston july new
Хушдоманамро дар сари ҷойнамоз куштам
3680

 

Умрам ба домани шаст расидаву соҳиби келину домод, набераҳо гаштаам, аммо то ҳол оромиро эҳсос накардаам. Агар гӯям, ки хонаам ғамхона асту дилам шаҳри вайрона, бовар кунед. Ин ҳама баъди он сар шуд, ки ман хушдомани порсоямро куштам, бале куштам, аммо бе ҷазо мондам…

                         Келини кенҷагӣ

Дар хонаи падарам духтари калонӣ ва дар хонаи хусурам бошад, келини кенҷагӣ ба ҳисоб мерафтам. Ҳарчанд шавҳарам чор бародар дошта бошад ҳам, аввал хонаи моро ҷудо карданд, зеро дар сари шавҳарам зӯр будам. Шавҳарам ронандаи мошини боркаш буду пули хуб меёфт, худам дар боғчаи бачаҳо мураббия будам. Хонаву дарамонро дар як муддати кӯтоҳ таъмир карда, ҳама ҷиҳози ҳамон вақтҳо мудбударо харидем. Пайи ҳам тавлид шудани чор фарзанди нозанинам, зиндагии моро зеботар кард. Падару модарам ҳамагӣ ду духтару як писар доштанд, аз ин рӯ, ба зиндагии ману хоҳарам ёрии бисёр мерасониданд. Хулоса, аз чизе камбудӣ надоштам. Шавҳарам бо садои ман лаббай мегуфту тамоми пули ёфтаашро оварда, ба дастам медод, ман онро ба хости худам сарф карда, худам ва ду писару ду духтарам гул хӯрда, гул мепӯшидем. Оҳиста-оҳиста ҳеварҳоям низ хонаву дари худро ҷудо карда, ҳар кадом пайи зиндагиашон шуданд. Хусуру хушдоманам шахсони бадавлат буданд, зеро ғайри шавҳари ман дигар писаронашон ҳамеша пайи хизмати онҳо ду даст пеши бар меистоданд. Инсонҳои хуб, ки буданд, ҳаргиз намегуфтанд-чаро, писари моро аз мо ҷудо мекунӣ, пули ёфтааш канӣ? Ё чизи дигар…

                              Ишқи май

Зиндагӣ дар маҷрои худаш равон буду шавҳарам кам-кам ба шароб майл кард. Бисёр вақт ӯ баъди кор шароб нӯшида меомаду ман ғур-ғур кунам, сар мешуд ҷангу ҷанҷол. Ман намехостам, ки сири зиндагиям назди хусуру хушдоман, ҳеварҳо, хоса авсунҳоям овоза шаваду онҳо маро ноуҳдабаро хонанд. Аз ин рӯ, ба падари худам шикоят бурдам, аммо шавҳарам дар назди падарам сарашро хам карда, дигар такрор намекунам мегуфту рӯзи дигар боз ҳамон Аҳмадаки порина буд. Билохира, тоқатам тоқ шуда, ба хусурам аз қилиқҳои писараш гуфтам, насиҳатҳои падараш таъсир карданду шавҳарам каме аз ин роҳ гашт. Нав нафаси осуда кашида будем, ки хусурам аз олам гузашт. Баъди додани оши чили падараш, шавҳарам боз майнӯшияшро сар кард. Барои ман аламовараш он буд, ки акнун авсунҳоям сири оилаи маро медонистанд. Боре ҳама дар хонаи хусурам ҷамъ шудему авсуни калониям, ки дар ҳавлии падарӣ ҳамроҳи хушдоманам зиндагӣ мекард, гуфт:

-Мард бо айби занаш «пиёниска» мешавад. Бо зани хуб мард ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад намеравад… Ин гапи ӯ ба ҷигарам мисли корд халид, зеро ман айбамро дар назди шавҳарам намедонистам. Аз кор биёяд, дастархони пурнозу неъмат дар наздаш густурда, сару либосаш тозаю озода, намедонам ба вай боз чӣ намерасид….

                             Шоми наҳс

Акнун хонаи мо ба хонаи занбӯре шабоҳат дошт, ки ба он бачаи шӯхе чӯб хаста аст. Ҳамеша пури ҷанҷол, шавҳарам зуд-зуд арақ нӯшида, ҷангу ҷанҷол барпо менамуд, аз ҳақу ҳамсоя шарм медоштам. Кӯдакон ҳам аз ин ғавғо безор шуда буданд, ман акнун баъди ҳар арақнӯшии шавҳарам хонаи хушдоманам, ки дар кӯчаи дигар воқеъ буд, рафта бо ин зани порсо ҷангу ҷанҷол мебардоштам. Хушдоманам писарашро наздаш даъват карда, насиҳат мекард, вале ӯ одам намешуд. Ба саволҳои мо-чаро арақ менушӣ, посух якто буд, ҳама менӯшанд, чӣ шудааст?

Як шом шавҳарам боз нӯшида омад, ӯ як хислат дошт, ки масти дунё бошад ҳам, муштзӯрӣ намекард, бо кӯдакон меҳрубон буд, аммо ман ҷанҷол мебардоштам. Ман ҷангу ҷанҷол карда, кӯдаконро бо падари масташон гузошта, худам боз ба сари хушдоманам рафтам. Хушдоманам намози шом мехонд, ҳеварам аз кор наомада буду авсунам бо фарзандонаш наметофт. Ман тамом шудани намози хушдоманамро мунтазир нашуда, фарёд задам:

-Ана боз маст омад, маро аз хона пеш карду кӯдакон ҳамроҳаш, мекушад бачаҳома ин наҳс…

Хушдоманам як ба ман нигоҳ карду рӯйи ҷонамозаш афтид… ман ин гуна ранг гирифтани корро мунтазир набудам, зуд ба хона баргаштам, шавҳарам бо кӯдакон машғули бозӣ буд, аммо ҳеҷ гумон надоштам, ки…

                         Марги мармузи хушдоман

Рӯзи дигар бемории хушдоманам овоза шуд, чун ба ёдаташ рафтам, беҳаракат рӯйи бистар мехобид. Дасту пойи чапаш умуман кор намекард, лабаш низ каме каҷ шуда буд. Ӯ маро дидан замон канда-канда гуфт:

-Кӯ- д-акора кушт…. Куушт…Ман худамро ба нодонӣ задам, касе намефаҳмид, ки хушдоманам чӣ мегӯяд, ғайр аз ман… Хушдоманам ба зӯр гап мезад, чун шавҳарам наздаш сари ду по нишаст, ӯ бо дасти сиҳаташ оҷизона чанд мушт ба бозуи ӯ зада, ҳамон гапҳояшро такрор мекард… Куштӣ…. Куштӣ…Шавҳарам бо оби чашм “оча, очаҷон чӣ мегӯед”, мегуфту халос…

Баъди се рӯзи ин воқеа хушдоманам дунёро тарк гуфт, ман худамро пеши рӯҳи ин зани хубу беозор гунаҳгор эҳсос мекардам, аммо хурсанд будам, ки касе сабаби ба ин ҳол гирифтор шудани хушдоманамро нафаҳмид. Афсӯс, бехабар будам, ки Худованд огоҳу доност ва ягон гуноҳи бандааш аз назари ӯ дур нахоҳад монд. Шавҳарам нӯшиданашро кам карда буд, мо аҳли хонавода низ ба ин одат кардем.

Аммо азобҳои ман баъд сар шуданд…

           Соҳибдори бесоҳиб…

Бо гузашти солҳо падару модарам аз дунё гузаштанд, хоҳари ягонаам мисли хушдоманам аз сактаи мағзи сар оламро падруд гуфт, зани додарам бо ман ҳамеша ҷангӣ буду аз дасти моҷароҳои ӯ бо як додар рӯйнодид будам. Фарзандонам қад кашида, ба воя расиданд, духтари якумам се бор хонавайрон шуду ҳоло бо шавҳари чорумаш марди пири занмурда зиндагӣ дорад, сараш сабз нашуд… Духтари дуввумам ба ҷабри хушдоман тоб наоварда, худашро оташ заду бо тифли шашмоҳаи батнаш ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуд. Писари калониям ба духтари шаҳрие ошиқ шуду мо ӯро келин карда, ба хонаамон овардем, келин ба зӯр танҳо се моҳ тоқат кард. Инак, бист сол мешавад, дар Русия зиндагӣ мекунанду ба ману падараш ҳатто занг намезанад, писари хурдиямон майхораи гузарост. Занаш ду фарзандашро гирифта, хонаи волидонаш рафту писарам ба Қазоқистон, намедонам дар мулки ғурбат чӣ ҳол дорад.

Имрӯз ману шавҳарам дар кулбаяки вайронаи худ мисли ду бесоҳиб, бефарзанд ва бепаноҳ зиндагӣ дорем. Шукронаи ҷиянҳои шавҳарам, ки гоҳ-гоҳ аз авҳоламон хабар мегиранд. Саломатии шавҳарам хуб асту бо деҳқонии ӯ рӯз мегузаронем, ман умуман аз ҷоям хеста наметавонам, миёнам дардманд аст. Дар зиндагӣ чӣ уқубате, ки кашидам, ҷазои нописандии даврони ҷавонӣ ва уболи ҷони хушдомани хубам аст, дигар ҳеҷ…

Кош зиндагӣ аз сар мегашт….

          Шоҳбӣ

                                                  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД