5 сол боз оиладорам. Як фарзанди ба ҷону дил баробар дорем. Шавҳарам марди меҳрубон асту ман аз ғамхориҳояш меболам, аммо хушдоманам бо теғи нигоҳу суханони дурушташ диламро мехарошад. Косаи сабрам лабрез гаштааст аз рафтору кирдори ин модари беақл. Шарм надошта рӯирост аз шавҳарам аз ман ҷудо хуфтанро талаб мекунад.
«Дар айни пирияш дар бари модарат хоб кун, охир аз ҳамин занат ба ту чӣ фоида?!» гуфтанаш ҷонамро ба лабам меорад. Хушдоманам писарашро ба ман рашк мекунад ва намехоҳад шабҳо бо ҳам хоб кунем. Нисфи шаб бешармона ба хонаи хобамон даромада, кӯрпаро бо нӯги таёқаш як тараф мекунаду доду фарёд бардошта талхакафамон мекунад. «Писарам, тарсидам, биё бо ман хоб рав» гӯён, шавҳарамро кашолакунон бо худ мебарад. Лаб газида ба хотири фарзандам тамоми найрангҳои модаршӯямро тоқат мекунам, вале ростӣ монда шудаам аз чунин зиндагӣ. «Фарзандамро аз ман ҷудо карда наметавонӣ, ҷодугар» гуфтанҳои хушдоманам ба дилам задааст. Аз найрангу азоби ин зани баддаҳон чӣ хел халос шавам?
Миҷгона ш. Конибодом