Formula novemver 2024
Хушдоманам нонро қулф мекунад
04.10.2024
ОИЛА.ТҶ
2501

Салом! Ман як ҷавонзани аз зиндагии пур аз дарду азоб ба ҷон расида мехоҳам сарнавиштамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Падарам базӯр барои фарзандонаш як бурда нон ёбад ҳам, ҳар рӯз арақ менӯшид ва маст шуда, натанҳо модарам, балки моро ҳам зери мушту лагад мегирифт. Модари бечораам аз зарби мушту лагади шавҳар касалманд гашта бошад ҳам, мисли дигар занҳои тоҷик аз рӯйи мақоли машҳури “сари кафида таги тоқӣ” амал карда, сирру асрори зиндагии сангинашро ба касе намегуфт.

Аз чунин зиндагии сангин безор шуда, мехостам ҳарчи зудтар шавҳар карда равам, то ҷонам каме осояд, вале аз таги борон гурехта, ба зери новардон афтодам. Ба тақдири мани бадбахт писари як марди муллобашара талабгорам шуд. Домодшаванда аз як зан ҷудо шуда, ду фарзанд доштааст, вале падарам зӯран маро ба марди зандида ба шавҳар дод. Дар хонаи хусурам занро одам ҳисоб намекунанд. Мо ҳуқуқ надорем, ки поямонро бе иҷозат аз дарвоза берун монем. Ҳуқуқ надорем, ки ҳатто бо занону духтарони ҳамсоя суҳбат кунем ё ба хонаи ҳамсояҳо равем. Хушдоманам маводи хӯрокаро қулф карда, мегӯяд, ки пурхӯрӣ ҳаром аст.

Ҷонам ба лабам расидааст. Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Д. М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД