Шавҳарамро дӯст дошта оиладор шудам. Хушдоманам зани бомаданият аст. Таъриф нашавад, хонаводаи шавҳарам ҳамаашон донишманду инсонҳои босаводанд.
Аз рӯзи аввали зиндагиям хешу табор ба зиндагии ширини ман ҳасад мебурдагӣ шуданд. Ман низ ҳамеша кӯшиш мекардам, ки ҳурмату эҳтироми хонаводаи шавҳарамро ба ҷо оварда, келини намунаи хонадонашон ҳисоб шавам. Худоро ҳамеша шукр мекардам, ки маро дар зиндагӣ бо ин оилаи хубу одамони хушмуомила рӯ ба рӯ гардонида хушбахтиро насибам гардонид. Шавҳарам, хусуру хушдоманам ҳамаашон коргари давлатанд. Субҳгоҳон аз дар баромада шом бармегаштанд. То омадани онҳо ман тамоми ҳавливу хонаву дарашонро тамиз намуда, хӯрокҳои беҳтаринро омода мекардам.
Шом ҳама аз кор баргашта хуроки тайёркардаамро таърифкунон мазза карда мехурданд. Ман, ки дар курси ширинипазӣ хонда будам бо шириниҳои лазиз дар мудати кӯтоҳ дили ҳамаашонро ба даст овардам. Шавҳарам аз он, ки маро ҳамсафари ҳаётиаш интихоб карда буд, дар назди дигарон ҳамеша мефахрид. Чӣ хел аз байн шашсол гузашт нафаҳмида мондем. Ман ҳеҷ ҳомиладор намешудам. Чандин бор ба дари духтурон рафтем, ҳеҷ айбе намеёфтанд. Билохира, бо инояти Худованд дар соли ҳафтуми зиндагиам ҳомиладор шудам. Хурсандии аҳли оилаи шавҳарам ҳаду канор надошт.
Хушдоманам кӯшиш мекард, ки корҳои хонаро ба мани ҳомиладор намонда, худаш анҷом диҳад вале духтари меҳнатӣ, ки будам истироҳаткарданро барои худ ҳаром медонистам. Эшон намегузоштанд, ки дастамро ба оби хунук занам. Ҳамсояҳо шухикунон мегуфтанд, ки келинро ин қадар эрка накунед, ганда мешавад. Хушдоманам бо лаби пуртабассум мегуфт, ки келинам ҳафтсол нагузошт ба поям хоре халад, акнун ӯ ҳомиладор аст , ман намегузорам ба пояш хоре халад. Баъди интизориҳои тӯллонӣ ман тавалуд кардам. Духтурон гуфтанд, ки шояд аз сабаби хунатон як будан тифлак аз акл бегона аст. Бо шунидани ин хабари нохуг гӯшҳоям қулф зад ва дилу ҷигарам барои ин тифлаки маъсум реш реш шуд.
Ҳамаамон бисер ӯамгин шудем. Ӯро гирифта ба хона овардем. Худам дамдузду одамгурез шуда мондам. Тифлакам нав думоҳа шуда буд, ки рӯзе табби баланд кард. Беморшуду билохира мани дар ҳасрати фарзандсӯхта рӯю мӯй канда, ба дари духтур давидам, аммо аз дунё даргушат. Баъди чор моҳи фавти духтаракам ба шавҳарам гуфтам, ки агар боз таваллуд кунаму фарзандам айбдор бошад чӣ кор мекунем? Аз ман Ҷудо мешавед? Шавҳарам ин суханро шунида, мисли девонаҳо сӯям теғ кашида нигоҳ карду гуфт: Ин фикри беақлонаро аз сарт дур кун. Хушдоманам ин суханамро фаҳмида, маро хеле сарзаниш намуданд. Агар лозим шавад ман худам ба ту таваллуд карда медиҳам гуфтанду оби чашмони маро пок намуданд.
Ин гапи хушдоманамро ҳамчун шӯхи қабул кардам аммо чанд рӯз пеш он кас маро наздашон хонда гуфтанд, ки ба хотири келини хубу дидадаро буданат ман дар синни панҷоҳсолаги ҳомиладор шудам. Ман аз ин сухан дар ҳайрат мондам. Боварам намеомад, ки хушдомани панҷоҳсолаи ман ҳомиладор бошанд. Мо ҳарду якҷоя ба назди духтури занона рафтем.Хушдоманам вазъиятро ба духтур фаҳмонд. Онҳо низ аз ин кори хушдоманам дар ҳайрат афтоданду сӯи якдигар пичир пичир карда хандиданд. Хушдомани ман дар моҳи шашуми ҳомиладорӣ қарор дошта будаанд. Баъди ташхис маълум гардид, ки хушдоманам духтарча дар батн дорад. Ба хона омада буду шуди гапро ба мардони хона фаҳмонидем. Хусурам як барзаговро кушта ба мардум садақа дод. Шавҳарам низ ба тасмими гирифтаи модараш сахт хурсанд гашт. Ҳаминтавр, хушдоманам бист рӯз пеш дар таваллудхона духтарчаи зебоеро, ки аз фаришта амоӣ надорад ба дунё овард. Тифлакро парпеч ба дастони ман дода гуфт: Насиб кунад, духтарам. Ман чӣ хел миннатдорӣ крданамро намедонситам ва беист ашк рехта, раҳмат модарҷон мегуфтаму халос. Аз минбарӣ бонуфузтарин ҳафтаномаи кишвар “Оила” ба модар-хушдоманам гуфтаниям: Ин хизмате, ки шумо дар ҳақи ману писаратон кардед, асло фаромуш намекунам. Ваъда медиҳам, ки духтарчаамонро чун гавҳараки чашм нигоҳубин намуда, намегузорам, ки хоре ба пояш халад. Раҳмат ба шумо модарҷон!
Санавбари чортутӣ