sebiston july new
Хушдоманам моро оилавайрон мекунад
1506

Зиндагӣ мисли бешаи беканорест. Ё дар он гум мешавӣ ё роҳатро пайдо мекунӣ. Ман 12 сол қабл ба Русия омадам, он замон 22- сола будам. Дар ин ҷо духтари русеро дӯст дошта, издивоҷ намудем ва соҳиби як писарча ҳам шудем. Вақте ки занамро бо писарчаам ба Тоҷикистон бурдам, ба ӯ Ватани мо маъқул нашуд ва мо ба кишвари рус баргаштем.

Хуллас, солҳои охир ҳис кардам, ки ба иштибоҳи бузурге роҳ додаам. Намехоҳам ин ҷо нисбати зани гирифтаам сухани носазое бигӯям. Шаш моҳ пештар мо ҷудо шудем. Занам писарчаамро гузошта рафт.

Ман ба Ватан омада, бо як ҳамватани худамон издивоҷ намудам. Аллакай занам бо писарчаам забон ёфта, ҳарду мисли модару писаранд. Аммо модари ҳамсарам ба зиндагии мо дахолат карда, ба духтараш гуфтааст, ки писари руси шавҳаратро ба назди модари аслиаш бифирист. Акнун ҳамсарам гапи модарашро гирифта, мегӯяд, ки шояд ӯро ба назди модараш мефиристӣ.

Гуфтам, ки модараш аллакай майхора шудааст, ман наметавонам ҷигарбанди худро хору зор намоям. Хушдоманам ба духтараш гуфтааст, ки ин писарча барои кӯдакони ояндаи ту душман хоҳад гашт. Намедонам ба завҷаам чӣ гуна фаҳмонам, ки бо ақли худ кор кунаду ба гапи модараш аҳамият надиҳад. Модарони азиз, илтимос ба ҳаёти духтаронатон дахолат накунед.
Самад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД