Sebiston new 2024 october
ХУШДОМАНАМ ИН ТӮҲМАТРО БА МАН ЧАСПОНД, ТО БЕМОРИИ ПИСАРАШРО РУЙПӮШ КУНАД(ҚИСМИ 2)
3324

(ИДОМААШ)

Илҳом дузди-дуздида ба ман менигарист. Вале чун чашмонамон бо ҳам во хӯрданд сарашро зуд ба зер меафканд ва гӯиё гуноҳи азиме карда бошад чашмонаш пуроб мегаштанду дарҳол рӯяшро ба тарафи дигар мегардонд.

Хуллас, ба ҳамин минвол субҳ дамид. На Илҳом ба ман сухане гуфту на ман ба ӯ. Баробари дамидани субҳ Илҳом либосҳояшро пӯшида аз дар баромада рафт. Боз ман мондаму кунҷи танҳоӣ. Соат 9 мешуду касе аз ҳолам хабар намегирифт. Қариби чошт хушдоманам дар даст нону чой аз дар даромаду сӯям иботкорна нигариста гуфт: -Маҳ чой хур. Чӣ магар меҳмонӣ, ки маро нигоҳ карда мешинӣ? Ман як зани танҳо. Кай корҳои рӯзгорро ба ҷо ораму ба ту хӯрок биёрам. Бояд худат фаҳм…-Ва аз дар баромада рафт. Қарибиҳои нисфирӯзӣ модарам омаданд. Хӯрок пухта омада буданду ман бо чеҳраи шод модарамро пешвоз гирифта сир бой надодам. Бо «хушдоманҷонам» модарамро «меҳмондорӣ» карда гусел намудем. Пас аз рафтани модарам хушдоманам амр кард, ки либосҳои хонагӣ пӯшаму рафта либос шӯям. Хуб гуфта рафта як ғарам либоси пас аз маърака ҷамъ гаштаро шустам.

Шаб фаро расид. Хостам бо аҳли оила нишинам, вале дидам, ки хушдоману хусурам ва боқӣ фарзандонашон дарашонро пӯшида нишастаанд. Ночор гашта ба хона даромадаму телевизор тамошо карда нишастам. Тақрибан соатҳои 12-и шаб Илҳом пайдо шуда омаду рӯи диван дароз кашид. Ман дар замин, болои як кӯрпача хоб кардам. Ӯ аз паҳлӯ ба паҳлӯ мегашт. Хуллас, як моҳи зиндагии оилавии мо бо ҳамин ҳол сипарӣ гашт. Шабона Илҳом то субҳ аз паҳлӯ ба паҳлӯ гашта оҳ мешкашиду рӯзона модараш муносибати дағал мекард. Дандон ба дандон монда тоқат мекардам. Ба аҳли оилаамон сир бой намедодам. Моҳи дуюми хонадорӣ, як шаби маҳтобӣ Илҳом аз ҷои хобаш хесту наздам омад ва маро ба оғӯш гирифта зор-зор гиристу узр пурсид. Ӯ такрор ба такрор мегуфт:-Маҳастӣ, ки лоиқи ту нестам. Аз паи зиндагии худат шав. Ту лоиқи зиндагии арзандае ҳастӣ. Бовар кун, ту духтари зебоӣ мефаҳмӣ зеботарини зеботаринҳо. Одобат ҳам ба худат зебанда. Туро марде мебояд, ки ба қадрат расида тавонад. Ман беморам ва туро хушбахт гардонида наметавонам. Биё, ман худам туро бурда ба модарат месупорам. Дар хонаи мо як моҳи дигар истӣ хазон мешавӣ, зеро ман чун мард туро сипар шуда наметавонам. Модару хоҳаронам ҷоҳиланд. Азобат медиҳанд…

Ман ҳеҷ гоҳ гиряи мардро надида будам, аз ин рӯ, гиряи Илҳом диламро реш-реш гардонд. Ҷавобан ба ӯ ваъда додам, ки ҳар чӣ бошад бо ӯ мемонам ва худам табобаташ мекунам.

Илтиҷояш кардам, ки биё ҳамроҳ ба беморхона равем, туро аз ташхис гузаронем. Дардат, ки аниқ шуд, табобаташ осон. Аммо Илҳом ризо нашуд. Гуфт, ки дарди ӯ табобатнашаванда аст ва баромада рафт. Рафту як ҳафта ба хона наомад. Пас аз як ҳафта ба хона наомад. Пас аз як ҳафтаи бедарак шудани Илҳом хушдоманам рӯзе бо исрор талаб намуд, ки либосҳоямро пӯшаму бо ӯ ба духтур равам. Пурсидам. Барои чӣ?

Чӣ кор дорӣ, тирмизак! Биё равем, ки гуфтам, меравем, -гуфта дар ҷавоб хушдоманам. Бе ҳеҷ ҳарф бо хушдоманам равон шудам. Ӯ ба шуъбаи бемориҳои занона бурда аз духтурон хоҳиш намуд, ки маро бисанҷанд, ки духтар ҳастам ё не? Ин хоҳиши хушдоманам чун тир синаамро шикофт, вале дандон ба дандон монда тоқат кардам. Пас аз санҷиш духтурзанак қоғазҳоро хонда – хандида ба дасти хушдоманам доду гуфт: -Духтари шумо сад фоиз бокира аст. Ба ин ҷои шубҳа ҳам нест. Шумо чӣ хел модар, ки ба духтаратон бовар накарда ӯро ба беморхона овардед?

Эҳ модар, модар…

Ману хушдоманам пешу қафо ба хона баргаштем. Ӯ дар роҳ ба ман фаҳмонд, ки баромада рафтани Илҳомро аз ту донистам. Гумон кардам, ки ту духтар набудаиву Илҳом ранҷидааст. Хайр ҳеҷ, гап не. Акнун хотирам ҷамъ шуд. Ба модарат нагӯй… Гумон кардам, ки акнун муносибати мо хуб мешавад, лек ҳайҳот. Хушдоманам дигар дар ягон корамро роҳ намедод. Хӯрокро низ пухтан намемонд. Худаш хӯрок мепухту ба ман хӯрок намедод. Ва оқибат рӯзе коса сабраш лабрез гашту аз хонаи ман баромада рав гуфт…

Ман гашта ба хонаи модарам омадам, Ба тақдир таслим нашуда ба кор баромадам. Лекин хушдоманам ҳамоно дар ҳама ҷо эълон карда мегардад, ки ман гӯиё нодухтар будааму ӯ маро ҷавоб дода, акнун ба писараш духтари ҷавону зебоеро ба занӣ гирифта медиҳад.

Ин суханҳои хушдоманам танҳо сафедкунии худу рӯпӯш гардонидани айби писараш аст. Зеро агар писарашро бемор гӯяд, ӯ бадном мешавад. Барои номи писарашро ба «мардӣ» баровардан хушдоманам маро бадбахту бадном гардонд…

P/S

Хонандагони азиз! Ин буд саргузашти як духтари зебову маълумотдор – Маҳастӣ, ки шумо мутоилааш намудед.

Ба рафтори модари Илҳом худи ӯ, ки бемор асту дигареро ба коми бадбахтӣ ҳавола кардааст, чӣ мегӯед? Хоҳишмандем нисбати тақдири Маҳастӣ бетараф набошед. Фикру ақида ва мулоҳизаи худро ба мо нависед. Мо интизори номаҳои шумоем.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД