-«Ба хонаатон хабар деҳ, то ки омада чизу чораатро гирифта баранд. Ман ба писарам зани духтар гирифта медиҳам, ба нодухтар дар хонаи ман ҷой нест». –Хуфтани хушдоманамро шунидаму гумон кардам, ки аз фарқи сарам як сатил оби хунукро рехтанд. Баданамро вараҷа фаро гирифт.
Дилам ба мисли барги бед беист меларзиду мадор аз дасту поям рафта, сарам чарх мезад. Пеши чашмонамро сиёҳӣ фаро гирифт. Дунёи рӯшан дар назарам шоми тор гаштаву беҳол ба замин нишастам ваз зор-зор гириста пурсидам: -Наход айби писаратонро ба гардани ман бо кунед? Ин чӣ ризолат? Чаро маҳз нодухтар, на баҳонаи дигар? Охир ба худ оед, модар! Ман нодухтар нестам. Писаратон бемор аст. Мефаҳмед, писаратон бемор аст?!
Магар ба бемории писари шумо ман гунаҳкгорам? Инсоф доред ё на?...
Оби дидагонам он замон мисли борони зораву лобаҳои ман ба хушдоманам асаре намекард.
Гиряҳои зорам на аз тарси он буд, ки маро аз хонаи «шавҳар»- ам меронанд, балки аз туҳмати ноҳақ ранҷ мекашидам. Бале аз туҳмати ноҳақ, зеро ин сухани ноҷо тамоми умр маро шармсори олам мегардонд. Мардум ба ҷои он, ки ошро аз мош ҷудо кунанд, ба сиёҳ гаштани номат ҳамовоз гашта даҳҳо афсонаи дигар мебофанд, то духтарро дар ботлоқи бадномӣ бештар ғӯтонанд. Оҳ, Худоё! Барои кадом гуноҳҳоям маро ба доми бало гирифтор кардӣ?...
Мегӯянд ки сағира аз азал рӯзӣ надоштааст. Аз хурдӣ мо се хоҳару бародар аз навозиши падар марҳум мондем. Модари муштипарамон ба ҷавониаш нигоҳ накарда, (модарам он вақт ҳамагӣ 26 сол дошт) миёнашро маҳкам баста моро хӯронд, пӯшонд, тарбият карду ба балоғат расонид. Мо ду духтар як писарро ба мактабҳои олӣ гузошт, то ки хонда соҳибмаълумот гардем. Апаамро бо номи нек хонадор кард, акоямро низ ҳамчунон соҳиби хонаву дар гардонд. Ва шукри Яздон, ки имрӯз соҳиби домоду келин ва набераҳои дилҷӯ аст.
Ман духтари кенҷа ба ҳисоб мерафтам. Баъд аз 7 соли таҳсил дар мактабҳои олӣ маро низ ба ҷавонмарде хостгорӣ намуданд.
Маросимҳои тӯю фотеҳаву хостгорӣ дар як ҳафта амалӣ шуданд. Ҳарчанд ман ҷавонро надида будам, лекин ба даҳони падарам нигоҳ кардаму барои ба шавҳар баромадан ризоият додам. Тӯйи бодабдабае барпо гашт. Ҳама шоду масрур, ду тараф –қудоҳо розӣ. Ман ҳам ба қавле «розӣ»-ву домод низ.
Баъд аз рақсу бозӣ, нӯшбоду табрикотҳои хешу ақрабо ва суруди «ёр-ёр» аз тарабхона моро ба хонаи «шавҳар»-ам оварданд.
Ба хешовандонам обу зиёфат доданд. Бо фотеҳаи хонаободии мо ҷавонон ба дастурхон дуо намуданду ҳама меҳмонон рафтанд.
Модарам аз холаам хоҳиш намуданд, ки ҳамроҳи ман монад, лекин холаам сухани модарамро рад кард. Гуфт, ки шарм медорад ва шукр, ки арӯсу домод хурдакак нестанд. Ҳардуро низ солашон ба ҷое расидаву баду неки ҷаҳонро мефаҳманд. Ҳоҷат ба истодани ман нест…
Хуллас, модараму холаам ҳам рафтанд. Пеш аз рафтан модарам аз хушдоманам хоҳиш намуданд, ки маро дар хона танҳо намонанд. Хушдоманам бо лутфу хушгӯиҳо модарамро гусел намуду аз паси ғундоштани асбобу анҷоми рӯзгораш шуд. Дар тӯйхона дигар сӯроби касе дида намешуд, ба ғайр аз соҳибхонаҳо.
Шаб шуд, ақрабаки соат ба 12 наздик мешуду касе аз ҳоли ман хабар намегирифт. Гуруснаву ташна дар як хонаи танҳо менишастаму асабонӣ шуда ин тараф он тараф роҳ мегаштам. Чилаи тобистон, ҳаво гарму дам. Ташнагӣ оқибат ғалаба карду рӯи ҳавлӣ баромадам. Атроф сокит. Ҳам чароғҳои хонадон хомӯшу аз ягон куҷое садое нест. Рафта аз ҷумаки «водопровод» об нӯшидам. Дар даромадгоҳи дарвоза чашмам ба рӯшноие афтод. Он ҷо аз афташ меҳмонхонаи хушдоманам буд.
Наздиктар рафта оҳиста гӯш кардам. Овози мардонае ба гӯшам расид. Оҳиста пас гашта ба худ андешидам: «Аҷабо, ин чӣ гуна хонаву хонадон ва чӣ турфа инсонҳоянд, ки маро келин карда оварданду аз ҳолам хабар намегиранд? Ақаллан намепурсанд, ки гуруснаам ё ташна?»
Мегӯянд, ки моргазидаро хоб мебараду гуруснаро не. Рӯзи дароз дар тарабхонаи гурусна паси мизи арӯсӣ нишаста шаб низ бо шиками гурусна сар ба болин ниҳӣ магар хобат мебарад? Агар аз як ҷониб аз гуруснагӣ азоб кашида бошам, аз тарафи дигар барои қадрам месӯхтам. Чӣ, магар ман мол будам, ки харидорам намуданду дар кунҷи хилвату тор оварда партофтанд?...
Аз паҳлӯ ба паҳлӯ мегаштаму дамидани рӯзи равшанро интизорӣ мекашидам. Ақрабаки соат ба 2-и шаб наздик мешуд. Нохост дари хона ғиҷирросзанон кушода шуду домод ба хона даромад. Аз ҷоям хеста ба рӯяш нигаристам. Аз авзояш маълум буд, ки сахт бемор аст ва ё хаста шудаасту мадор надорад. Домод ба саломи ман базӯр ҷавоб доду хоҳиш намуд, ки барояш ҷойхоб андозам. Ман итоаткорона ҷойхоб густурдам.
Домод костюмашро аз тан бадар карду рӯи ҷогаҳ рӯ ба боло дароз кашид ва хоҳиш кард, ки барқро хомӯш намоям. Ман барқро хомӯш карда рафта ба ҷои аввалам нишастам.
Илҳом дар назари аввал гӯиё хоб буд, вале ман, ки худ табиб ҳастам дарк мекардам, ки домод хоб несту танҳо авзояш парешон аст. Илҳом аз паҳлӯ ба паҳлӯ мегашт, аз ҷояш хеста менишаст. Сигор мекашид, ба рӯи ҳавлӣ мебаромаду лаҳзае пас гашта медаромад. На ӯро ёрои ҳарф гуфтан буду на маро. Илҳом дузди-дуздида ба ман менигарист. Вале чун чашмонамон бо ҳам во хӯрданд сарашро зуд ба зер меафканд ва гӯиё гуноҳи азиме карда бошад чашмонаш пуроб мегаштанду дарҳол рӯяшро ба тарафи дигар мегардонд.
(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД)