Дар ҳаётам оғилу говро надида будам, вале ҷавони ҳамкурсамро дӯст дошта, ба шавҳар баромадам. Ман духтари ягонаву эркаи падару модар ба хонадоне келин шуда омадам, ки дар деҳа истиқомат мекарданд.
Субҳи аввали арӯсӣ маросими рӯбинонро гузаронданду гуфтанд, ки хамир кунам. Азбаски аз уҳдаи ин кор намебаромадам, гиря кардам. Меҳмонҳо ба ҳолам хандиданд. Хушдоманам ин ҳолро дида, ба занҳо гуфт:
-Чаро лабатонро инҷ мекунед? Магар худатон замоне ҳамин хел набудед?
Ман дарҳол ором шудам. Рӯзи дигар хостам камтар чалпак пазам. Ҳамаи чалпакҳои пухтаам дарид. Боз гиристам. Шавҳарам маро арӯси гирёнчак мегуфт. Хушдоманам болои сарам истода, бо меҳрубонӣ гуфтанд:
-Духтарам, ман ҳам рӯзҳои аввали арӯсӣ мисли ту ба равиши кори хонадони шавҳарам сарфаҳм нарафтам, вале хушдоманам ба ман ҳама чиро омӯзонд. Ту ҳам ёд мегирӣ.
Ман аз ин гапи хушдоманҷонам ба қавле шукуфтам. Холаам ба меҳмонӣ омаду чақонии маро дида, бовараш наомада гуфт:
-Замира, дар хонаи очаат ҳатто пиёлаатро аз ҷояш намегирифтӣ, нони шӯ арра дорад мӣ?
Ман ба холаам дар танҳоӣ гуфтам:
-Холаҷон, шавҳару хушдоман ва хусурам бисёр инсонҳои хубанд.
Ҳамин тавр, дере нагузашта кадбонуи беҳтарин шудам, ҳатто занҳои деҳа рӯзҳои тӯй нони калону кулчаи калон фармоиш медиҳанд. Модару падарам дар ҳайратанд. Бо дарҷи номаам гуфтан мехоҳам, ки вақте духтар шавҳарашро бисёр дӯст медорад, ҳатто саги он хонаро дӯст медорад, барои хамин хушдоманҳо бояд ба беҳунарии келин тоқат карда, хоҳу равиши зиндагиро ба арӯсон омӯзанд. Муҳимаш келину домаод ҳамдигарро дӯст доранд, дигар камбудиҳоро ислоҳ кардан осон аст.